Озмун

Вазифаҳои холӣ
05.02.2024

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин 

О З М У Н

ЭЪЛОН   МЕНАМОЯД 

Департаменти аудити дохилӣ 

I

Аудитори дараҷаи I - шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти

фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой) 

Талабот ба номзад:

  • таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани малакаи зарурӣ дар таҳияи санадҳои меъёрӣ ва методологияҳои аудити дохилӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;
  • доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
  • малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint) - ҳатмӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ дар самти аудити дохилӣ, идоракунии хавфҳо, комплаенс, низоми назорати дохилӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва молиявӣ, ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.
  •    

II

Аудитори дараҷаи I бахши аудити

технологияҳои иттилоотӣ (1 ҷой)

       Талабот ба номзад:
  • таҳсилот: олии иқтисодӣ, молиявӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • донистан ва фаҳмидани моделҳо ва стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ;
  • донистани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, фаҳмидани принсипҳои ба роҳ мондани низоми назорати дохилӣ бо ёрии воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани малакаи таҳлили амнияти иттилоотӣ, донистани қоидаҳо ва стандартҳои амнияти технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани малакаи гузаронидани ташхиси равандҳои кории технологияҳои иттилоотӣ, низоми иттилоотӣ ва низоми назорати дохилии технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани малакаи таҳияи методологияҳои аудити дохилӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ;
  • доштани малакаи зарурии истифодаи таъминоти барномавӣ дар раванди иҷрои расмиёти аудиторӣ;
  • доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи аудити технологияҳои иттилоотӣ (CISA), амнияти иттилоотӣ (CISM), технологияҳои иттилоотӣ (CGEIT/COBIT/TOGAF/ITIL) ва аудити дохилӣ (CIA) – афзалият дорад;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи аудити технологияҳои иттилоотӣ дар бонкҳо, муассисаҳои молиявӣ ё ширкатҳои аудиторӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;

III

Аудитори дараҷаи III бахши аудити

технологияҳои иттилоотӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
  • таҳсилот: олии иқтисодӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани таҷрибаи корӣ дар соҳаи технологияи иттилоотии бонкӣ (маъмурикунонии низомҳои иттилоотӣ);
  • огоҳӣ доштан аз стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ;
  • доштани малакаи зарурии истифодаи таъминоти барномавӣ дар раванди иҷрои расмиёти аудиторӣ;
  • донистану фаҳмидани моҳияти СOBIT, COSO, ITIL ва ғайра - афзалият дорад;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
  • таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар бонкҳо, муассисаҳои молиявӣ ё ширкатҳои аудиторӣ.
  •    

        Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

 

Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00
дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38, 600-32-11
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 26 феврали соли 2024

 

           

 

 

 

 

 

 


Возврат к списку