Озмун

Вазифаҳои холӣ
16.02.2024

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин 

О З М У Н 

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД 

ДЕПАРТАМЕНТИ НИЗОМИ ПАРДОХТ


I
Сармутахассиси идораи рушди пардохтҳо
ва интиқоли маблағҳо (2 ҷой)   

Талабот ба номзад: 

  • таҳсилоти олии молиявӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ ё технологияҳои иттилоотӣ;
  • дониши кофӣ оид ба хусусиятҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ (низоми пардохтҳои босуръат (IPS), QR-рамз ва ғайра) ё низомҳои мушаххаскунии фосилавӣ;
  • дониши кофӣ вобаста ба хизматрасониҳои муосири молиявии рақамӣ;
  • таҷрибаи корӣ дар татбиқ ва ҳамгироии низомҳои пардохтӣ;
  • малакаи кор дар самти дастгирии низомҳои пардохтӣ ва маъмурикунии низомҳои пардохтӣ (идоракунӣ ва маъмурикунии пойгоҳҳои маълумотӣ афзалият дорад);
  • доштани дониши кофӣ оид ба кори таҷҳизоти серверӣ ва коммуникатсионӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи низоми пардохтӣ;
  • малакаи баланди кор бо барномаҳои MS Office (донистани Word, Excel, PowerPoint, Visio – ҳатмӣ), донистани яке забонҳои барномасозӣ афзалият дорад;
  • қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ, хулосабарорӣ ва ҳуқуқэҷодкунӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад.

II

Мутахассиси пешбари идораи рушди пардохтҳо ва

интиқоли маблағҳо (2 ҷой)

Талабот ба номзад:
  • таҳсилоти олии молиявӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё технологияҳои иттилоотӣ;
  • дониши кофӣ оид ба хусусиятҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ ва хизматрасониҳои муосири молиявии рақамӣ;
  • таҷрибаи корӣ дар татбиқ ва ҳамгироии низомҳои пардохтӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи низоми пардохтӣ ва муҳосибот;
  • малакаи баланди кор бо барномаҳои MS Office (Word, Excel, PowerPoint - ҳатмӣ);
  • қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ, хулосабарорӣ ва ҳуқуқэҷодкунӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад.

III

Мутахассиси пешбари идораи таҳлилу танзими

хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
  • маълумоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё технологияҳои иттилоотӣ;
  • дониши кофӣ оид ба хусусиятҳои фаъолияти низомҳои интиқоли маблағҳо ва низомҳои кортҳои пардохтӣ;
  • донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
  • малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ афзалият дорад.

IV

Мутахассиси дараҷаи I идораи таҳлилу танзими

хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад: 

  • маълумоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 1 сол дар соҳаи бонкӣ ё технологияҳои иттилоотӣ;
  • дониши кофӣ оид ба хусусиятҳои фаъолияти низомҳои интиқоли маблағҳо ва низомҳои кортҳои пардохтӣ;
  • донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
  • малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ афзалият дорад.

V

Мутахассиси идораи таҳлилу танзими

хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ (1 ҷой)  

Талабот ба номзад:
  • маълумоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
  • малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ афзалият дорад.

VI

Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати низоми пардохт (1 ҷой) 

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар соҳаи низоми бонкӣ;
  • доштани малакаи корӣ дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтӣ ва фаъолияти низомҳои пардохтӣ;
  • донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
  • дониши кофӣ оид ба қоидаҳо ва хусусиятҳо фаъолияти низомҳои пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ, интиқоли маблағҳо, аз ҷумла маблағҳои электронӣ, қабули пардохтҳо);
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • малакаи кофии кор бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ афзалият дорад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00
дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38, 600-32-11
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 6 марти соли 2024






Возврат к списку