Озмун

Вазифаҳои холӣ
11.03.2024

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

  О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД


  ДЕПАРТАМЕНТИ ҲИСОБДОРӢ

  I
  Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи таҳлил ва
таҳияи ҳисоботи молиявӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад: 

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани дониши кофӣ дар самти таҳияи ҳисоботҳои молиявӣ, таҷрибаи корӣ нисбати баҳисобгирии воситаҳои асосӣ ва маводҳои камарзишу зудфарсо, инчунин малакаи иҷрои дигар амалиётҳои муҳосибӣ;
  • малакаи таҳия намудани ҳисоботҳои оморӣ доир ба воситаҳои асосӣ;
  • доштани қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ, маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва дигар;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаи муҳосибии 1С ва низоми автоматишудаи бонкӣ - СФТ;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ (САР) афзалият дорад;
  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад.

 

  II
  Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи пешбурди
китоби асосӣ ва иҷрои сиёсати андозӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад: 

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар дар низоми бонкӣ ё мақомоти андоз;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ ва андоз;
  • доштани дониш ва таҷрибаи кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, баҳисобгирии андозӣ, стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ, маҳорати омода намудани мукотибот, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва дигар;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаи муҳосибии 1С ва низоми автоматишудаи бонкӣ - СФТ;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ (САР) афзалият дорад;
  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: 

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 4х6;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

 

Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00
дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38, 600-32-11
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 1 апрели соли 2024

 


Возврат к списку