Озмун

Вазифаҳои холӣ
22.04.2024

Эълони Озмун



БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин 

О З М У Н

ЭЪЛОН   МЕНАМОЯД

ДЕПАРТАМЕНТИ АУДИТИ ДОХИЛӢ

I

Аудитори дараҷаи I шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти

фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:     

  • таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани малакаи зарурӣ дар таҳияи санадҳои меъёрӣ ва методологияҳои аудити дохилӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;
  • доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
  • малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint) - ҳатмӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ дар самти аудити дохилӣ, идоракунии хавфҳо, комплаенс, низоми назорати дохилӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва молиявӣ, ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.

II

Аудитори дараҷаи II шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти

фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой)         

Талабот ба номзад: 

  • таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
  • малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint) - ҳатмӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.

III

Сардори бахши аудити технологияҳои иттилоотӣ (1 ҷой)    

Талабот ба номзад:

  • таҳсилот: олии иқтисодӣ, молиявӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • донистани стандартҳои байналмилалӣ, расмиёт ва методҳои аудити дохилӣ;
  • донистан ва фаҳмидани моделҳо ва стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ;
  • донистани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, фаҳмидани принсипҳои ба роҳ мондани низоми назорати дохилӣ бо ёрии воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани малакаи таҳлили амнияти иттилоотӣ, донистани қоидаҳо ва стандартҳои амнияти технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани малакаи гузаронидани ташхиси равандҳои кории технологияҳои иттилоотӣ, низоми иттилоотӣ ва низоми назорати дохилии технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани малакаи таҳияи методологияҳои аудити дохилӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ;
  • доштани малакаи зарурии истифодаи таъминоти барномавӣ дар раванди иҷрои расмиёти аудиторӣ;
  • донистани стандартҳои байналмилалии СOBIT, COSO, ITIL, TOGAF, ISO 27001 ва ғайра;
  • доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи аудити технологияҳои иттилоотӣ (CISA), амнияти иттилоотӣ (CISM), технологияҳои иттилоотӣ (CGEIT/COBIT/TOGAF/ITIL) ва аудити дохилӣ (CIA) – афзалият дорад;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар соҳаи аудити технологияҳои иттилоотӣ дар бонкҳо, муассисаҳои молиявӣ ё ширкатҳои аудиторӣ.       

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: 

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: 

Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00
дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38, 600-32-11
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 13 майи соли 2024

 
Эзоҳ: Довталабон аз минтақаҳои дурдаст метавонанд ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардидаро тавассути почтаи электронӣ: OZMUN@NBT.TJ пешниҳод намуда, дар рӯзи баргузории озмун ҳуҷҷатҳои аслиро пешниҳод намоянд.


Возврат к списку