08.05.2024
				Эълони Озмун
					
 Бонки миллии Тоҷикистон  
  
 
	Барои ишғоли вазифаи холии зерин  
  
 
	  Озмун
 
	Эълон менамояд
	  Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб 
	  Шуъбаи назорати бонкӣ:
  Мутахассиси дараҷаи I (шартномавӣ) (1 ҷой) 
  
 
	Талабот ба номзад:
	- таҳсилот: олии иқтисодӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- доштани қобиляти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳои таҳлилӣ;
- доштани қобилияти гузаронидани санҷишҳои мавзӯӣ ва ҳамаҷонибаи фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ;
- дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
- маҳорати баланди кор бо компютер MsОffice (Word, Ехеll, Power Point) ва дигар барномаҳо;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
- донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ афзалият дорад.
 Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
	- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 3 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
 Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза 
баъд аз соати 14:00                                                                               
 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
 ш.Душанбе, 
хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
 телефонҳо барои маълумот:
 (44) 600-31-38, 600-32-11 ва
 Вилояти Хатлон, ш.Кӯлоб, кучаи Ҳ. Неъматов 4
 телефонҳо барои тамос: 
(44) 625-05-67, 625-05-68
 Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 
то 27 майи с. 2024