14.05.2024
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаи холии зерин
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд
I
Мутахассиси дараҷаи I-и шуъбаи таҳлили макроиқтисодӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
- сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ;
- доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати тайёр ва пешниҳод намудани рӯнамо дар таҳия ва омода намудани мавзуҳои таҳлилӣ, инчунин маҳорати баланди ибрози андеша тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ;
- пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
- маҳорати кор дар компютер, донистани ҳатмии барномаҳои Ms Office (Excel, Word ва Power Point);
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё молиявӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 2 дона андозаи 4х6;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00
дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38, 600-32-11
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 3 июни соли 2024