Низоми бонкӣ

Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми асосии ҷудонашавандаи бахши молиявӣ буда, барои амалӣ намудани сиёсати пулию қарзӣ ва иқтисодии кишвар нақши муҳим мебозад.

Вобаста ба ин, яке вазифаҳои асосии низоми бонкӣ, ин пешбурди миёнаравии молиявӣ тавассути ҷалби захираҳои пулии озод аз аҳоливу дигар шахсони ҳуқуқӣ ва равона намудани онҳо ба воситаи қарздиҳӣ ба субъектҳои иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дусатҳа буда, аз сатҳи болоӣ - Бонки миллии Тоҷикистон ва сатҳи поёнӣ - ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла, бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, инчунин ташкилотҳои маблағгузории хурде, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон дар кишвар фаъолият мекунанд, иборат мебошанд.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” яке аз мақсадҳои Бонки миллии Тоҷикистон таъмини устувории низоми бонкии давлат мебошад.

Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии молиявӣ буда, дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ”, “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва дигар қонунҳои соҳавӣ бо мақсади нигоҳдории суботи низоми бонкӣ ва низоми пардохт, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон, танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии молиявиро ба роҳ мондааст.

Ташкилотҳои қарзии молиявӣ яке аз қисмҳои пайвасткунандаи байни саноат ва савдо, кишоварзӣ ва аҳолӣ мебошад. Инчунин, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳисоббаробаркунии пулӣ, қарздиҳии хоҷагиҳо, миёнаравӣ дар азнавтақсимкунии сармоя, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва ҳосилнокии меҳнатро таъмин намуда, хизматрасониҳо ва маҳсулотҳои бонкиро тавассути шабакаҳои васеи худ, аз ҷумла филиалу марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  пешниҳод менамоянд, ки ба фарогирии молиявии кишвар мусоидат мекунад.