Пули коғазӣ ва танга

14.05.2021

ОЗМУН - Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Кӯлоб

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаи холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Кӯлоб

Шуъбаи назорати бонкӣ

I

Ҳуқуқшинос (шартномавӣ) (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии ҳуқуқӣ;
  • доштани собиқаи кори ҳуқуқӣ на камтар аз 2 сол;
  • дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, ҷиноятӣ ва дигар;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурдани муросилот бо забони давлатӣ ва русӣ;
  • таҷрибаи кории таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо;
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои MS Office (Word, Excel, Power Point)
  • донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ ва русӣ – ҳатмӣ;

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
  • ш.Кӯлоб, кӯчаи Ҳ.Неъматов 4, Шуъбаи кормандон ва корҳо
  • Барои маълумот – тел: 625 - 05 -67
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 14.05. 2021

Возврат к списку