Пули коғазӣ ва танга

28.01.2022

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД


Департаменти мониторинги молиявӣ

I

мутахассиси дараҷаи 2 шуъбаи таҳлил ва тадқиқот (шартномавӣ)

(1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё ҳуқуқӣ;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос афзалият дорад;
  • малакаи хуби кор бо компютер (MS Office, Internet) ё дигар системаҳои идоракунии пойгоҳҳои маълумот;
  • қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳия ва пешниҳоди хулосаву тавсияҳо;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
Бояд донад:
Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти ҳисобдорӣ, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.

II
мутахассиси шуъбаи таҳлил ва тадқиқот (шартномавӣ) ( 1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё ҳуқуқӣ;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос афзалият дорад;
  • малакаи хуби кор бо компютер (MS Office, Internet) ё дигар системаҳои идоракунии пойгоҳҳои маълумот;
  • қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳия ва пешниҳоди хулосаву тавсияҳо;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
Бояд донад:
Қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қабул шудаанд, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти ҳисобдорӣ, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.

III
мутахассиси дараҷаи 2 шуъбаи коркарди иттилоот (шартномавӣ) (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олӣ (техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ афзалият дорад);
  • таҷрибаи корӣ дар самти маъмурии низомҳои автоматишуда;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ (Oracle, MS SQL ва дигарҳо);
  • таҷрибаи корӣ оид ба маъмурии системаҳои омилии Microsoft Windows Server (Mail-server, Web-server ва ғ.) UNIX, Linux афзалият дорад;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
Бояд донад:
Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ.

IY
мутахассиси шуъбаи коркарди иттилоот (шартномавӣ) (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олӣ (техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ афзалият дорад);
  • таҷрибаи корӣ дар самти маъмурии низомҳои автоматишуда;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ (Oracle, MS SQL ва дигарҳо) афзалият дорад;
  • донистани яке аз забонҳои барномасозии муосир (Javascript, Python, PHP ва дигарҳо);
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
Бояд донад:
Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ.

Y
мутахассиси дараҷаи 2 шуъбаи бозрасӣ (шартномавӣ) (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ зиёда аз 1 сол;
  • малакаи хуби кор бо компютер (MS Office, Internet) ё дигар системаҳои идоракунии пойгоҳҳои маълумот;
  • қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳия ва пешниҳоди хулосаву тавсияҳо;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
Бояд донад:
Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ.

YI
мутахассиси шуъбаи бозрасӣ (шартномавӣ) (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ афзалият дорад;
  • малакаи хуби кор бо компютер (MS Office, Internet) ё дигар системаҳои идоракунии пойгоҳҳои маълумот;
  • қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳия ва пешниҳоди хулосаву тавсияҳо;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
Бояд донад:
Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ.

VII
мутахассиси Маркази омӯзишӣ-методӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • Маълумоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ё педогогӣ;
  • доштани таҷриба ба ҳайси лектор дар чорабиниҳои омӯзишӣ афзалият дорад;
  • омода ва пешниҳод намудани муаррифномаҳо барои иштирокдорони чорабиниҳои омӯзишӣ;
  • фаҳмиши асосҳои истифода бурдани дастгоҳҳои компютерӣ ва барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • сатҳи зарурии сухандонӣ барои ба роҳ мондани музокирот ва мукотиботи расмӣ бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахшҳои хусусӣ;
  • доштани таҷриба дар малакаи омӯзгорӣ ва таҳияи барномаҳои таълимӣ афзалият дорад;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
Бояд донад:
Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН)
Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 10.02. 2022




Возврат к списку