Пули коғазӣ ва танга

20.12.2022

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Идораи низоми пардохт
I
Сардори шуъбаи назорати низоми пардохти идораи низоми пардохт (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ/молиявӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани собиқаи бонкӣ на кам аз 5 сол (на камтар аз 3 сол дар вазифаҳои роҳбарикунанда) дар соҳаи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ афзалият дорад.

II

Мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи назорати низоми пардохти идораи низоми пардохт (2 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
  • дониши кофӣ оид ба фаъолияти низомҳои пардохтӣ (низомҳои кортҳои пардохтии бонкӣ, интиқоли маблағҳо, қабули пардохтҳо), қоидаҳо ва хусусиятҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • малакаи кофии кор бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ афзалият дорад.

III
Мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлил ва рушди хизматрасониҳои молиявии рақамии идораи низоми пардохт (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ/молиявӣ/техникӣ;
  • донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
  • донишу малакаи кофӣ дар самти татбиқи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ, равандҳои технологии пардохтӣ (хизматрасонии фосилавии бонкӣ, тиҷорати электронӣ, эмиссия, эквайринг);
  • донистани хусусиятҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ (Visa, Mastercard, Unionpay, Western Union ва диг.), қоидаҳо ва талаботҳои низомҳои пардохтӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • малакаи зарурии кор бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ афзалият дорад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38,
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 10 январи с.2023


Возврат к списку