Пули коғазӣ ва танга

02.08.2023

Бонки миллии Тоҷикистон озмуни ишғоли вазифаҳои холиро эълон менамояд

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

I.
мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи таҳия ва

назорати барномаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии молиявӣ-иқтисодӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ;
  • қобилияти баланди таҳияи барномаҳои иқтисодӣ;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер- MS Office (word, excel, power point);
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ, забони англисӣ – ҳатмӣ;
  • доштани маҳорати баланди салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд.

  II.
мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлили
макропруденсиалӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии молиявӣ-иқтисодӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
  • доштани донишу малаки кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ;
  • сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ ва бахши молиявӣ-бонкӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар таҳлили хавфи бонкӣ ва сиёсати макропруденсиалӣ;
  • дар сатҳи кофӣ доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар омода намудани ҳисоботҳои аналитикӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани маҳорати баланди салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • малакаи касбии кор бо компютер- MS Office (word, excel, power point, visio) –ҳатмӣ, барномаҳои эконометрикӣ - афзалият дорад.

III.
мутахассиси дараҷаи 1-и шуъбаи таҳлили
макропруденсиалӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии молиявӣ-иқтисодӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
  • қобилияти баланди таҳияи барномаҳои иқтисодӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар таҳлили хавфи бонкӣ;
  • доштани сатҳи дониши кофӣ оид ба сиёсати макропруденсиалӣ;
  • доштани маҳорати баланди салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд.
  • малакаи касбии кор бо компютер- MS Office (word, excel, power point, visio) –ҳатмӣ, барномаҳои эконометрикӣ - афзалият дорад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 3 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН)
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38,  600-32-11
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 23 августи с.2023


Возврат к списку