Пули коғазӣ ва танга

03.11.2023

Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин Озмун эълон менамояд.

ИДОРАИ СУБОТИ МОЛИЯВӢ
I
мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи таҳия ва
назорати барномаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии молиявӣ-иқтисодӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар муассисаҳои бонкӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ;
  • қобилияти баланди таҳияи барномаҳои иқтисодӣ;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер- MS Office (word, excel, power point);
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани маҳорати баланди салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд.

 II

мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлили
макропруденсиалӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии молиявӣ-иқтисодӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар муассисаҳои бонкӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ;
  • сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ ва бахши молиявӣ-бонкӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар таҳлили хавфи бонкӣ ва сиёсати макропруденсиалӣ;
  • дар сатҳи кофӣ доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар омода намудани ҳисоботҳои аналитикӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани маҳорати баланди салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • малакаи касбии кор бо компютер- MS Office (word, excel, power point, visio) –ҳатмӣ, барномаҳои эконометрикӣ - афзалият дорад.

 III

мутахассиси дараҷаи 1-и шуъбаи таҳлили
макропруденсиалӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии молиявӣ-иқтисодӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар муассисаҳои бонкӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ;
  • қобилияти баланди таҳияи барномаҳои иқтисодӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар таҳлили хавфи бонкӣ;
  • доштани маҳорати баланди салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • малакаи касбии кор бо компютер- MS Office (word, excel, power point, visio) –ҳатмӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 3 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).


Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38, 600-32-11
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 23 ноябри с.2023

Возврат к списку