Пули коғазӣ ва танга

29.11.2023

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаи холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Шуъбаи ҳисобдорӣ:
Мутахассиси пешбар (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
  • Маълумоти олӣ - муҳосибӣ;
  • Дониши кофӣ дар самти қонунгузории соҳаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
  • Доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 2 сол;
  • Доштани қобилияти хуби муошират бо коллективӣ меҳнатӣ ва аҳли ҷомеа;
  • Маҳорати баланди кор бо компютер MsОffice (Word, Ехеll, Power Point), донистани барномаи 1С;
  • Доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи аудит ва баҳисобгирӣ афзалият дорад;
  • Донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 3 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
  • телефонҳо барои маълумот: (44) 600-31-18, 600-32-11 ва
  • Вилояти Суғд, ш.Хуҷанд, кучаи Камоли Хуҷандӣ 168
  • телефонҳо барои тамос: (44) 630-06-57, 630-06-39
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 19 декабри с. 2023


Возврат к списку