Пули коғазӣ ва танга

29.04.2022 Эълони Озмун

Идораи омор ва тавозуни пардохт
I
сармутахассиси шуъбаи тавозуни пардохт - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 2 сол;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ на камтар аз 2 сол;
  • донистани забонҳои барномасозӣ;
  • қобилияти таҳлили маълумотҳо, моделсозӣ ва дурнамои нишондиҳандаҳо;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ ва забони англисӣ афзалият дорад.

14.04.2022 Эълони Озмун

Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд
I
мутахассиси дараҷаи II шуъбаи таҳлили макроиқтисодӣ - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • Маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
  • Сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;
  • Таҷрибаи корӣ дар самти таҳлилҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла бозори сармоя ва низоми бонкӣ афзалият дорад;
  • Доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати тайёр ва пешниҳод намудани рӯнамо дар таҳия ва омода намудани мавзуҳои таҳлилӣ, инчунин маҳорати баланди ибрози андеша тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ;
  • Пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • Маҳорати баланди кор дар компютер, донистани ҳатмии Ms Office (Excel, Word ва Power Point);
  • Маҳорати омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо, ҳисобот маърузанависӣ ва ғ. (дар Ms Office ва MacOS);
  • Доштани унвони илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) афзалият дорад;.
  • Донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.

30.03.2022 Эълони Озмун

Департаменти ҳисобдорӣ

I
мутахассиси дараҷаи I шуъбаи амалиёти дохилибонкӣ - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ, меҳнат ва андоз;
  • доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, таҷрибаи корӣ нисбати баҳисобгирии музди меҳнат ва дигар пардохтҳо, ҳисоббаробаркунӣ бо таҳвилгарон (аз ҷумла пудратчиён), инчунин баҳисобгирии дигар амалиётҳои муҳосибӣ;
  • маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ;
  • доштани қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер, донистани ҳатмии Ms Office (Word, Excel, Power Point ва ғ.) ва донистани хуби низоми автоматишудаи бонкӣ ва барномаҳои муҳосибӣ;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ (САР) афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

17.03.2022 Эълони Озмун

Департаменти аудити дохилӣ
I
Аудитори дараҷаи II шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти фаъолияти аудиторӣ - (2 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани сертификати СIA (аудитори дохилии сертификатдор), САР (муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, Power Point) - ҳатмӣ;
  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва забони русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.

15.03.2022 Эълони Озмун

Новости 36 - 40 из 75
Начало | Пред. | 6 7 8 9 10 | След. | Конец