11.08.2021
Эълони Озмун
Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин озмун эълон менамояд:
Идораи омор ва тавозуни пардохт
I
сармутахассиси шуъбаи тавозуни пардохт (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
- таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 2 сол;
- таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ на камтар аз 2 сол;
- донистани забонҳои барномасозӣ;
- қобилияти таҳлили маълумотҳо, моделсозӣ ва дурнамои нишондиҳандаҳо;
- донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
14.07.2021
Эълони Озмун
Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин озмун эълон менамояд:
Мутахассиси дараҷаи II шуъбаи таҳлили макроиқтисодӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
- доштани унвони илмӣ-номзад, доктори илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) - афзалият дорад;
- сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;
- таҷрибаи корӣ дар соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ афзалият дорад;
- доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
- маҳорати баланди кор дар компютер Ms Office (Excel, Word ва Power Point) ҳатмист;
- маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, маърузанависӣ, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ;
- донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.
04.06.2021
ОЗМУН - Идораи бозори молиявӣ
Сармутахассиси шуъбаи кор бо қарзҳо (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани дониши хуби қонунгузории бонкӣ, гражданӣ ва мурофиавӣ;
- малакаи касбии кор бо компютер - MS Office (Word, Excel, PowerPoint, Visio ҳатмист), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмист, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ;
- донистани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО) афзалият дорад
;
27.05.2021
ОЗМУН - Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд
Мутахассиси дараҷаи II шуъбаи таҳия ва татбиқи сиёсати пулӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
- сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;
-
таҷрибаи корӣ дар соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ, афзалият дода мешавад;
-
доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
21.05.2021
ОЗМУН - Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ
Директори Пажӯҳишгоҳ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии молиявӣ-иқтисодӣ;
- доштани унвони илмӣ – номзад, доктори илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD)- ҳатмӣ;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар сатҳи роҳбарикунанда дар муассисаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва низоми бонкӣ.
- донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ - ҳатмӣ;
Новости
56 - 60 из 75
Начало
|
Пред.
|
10
11
12
13
14
|
След. |
Конец