Научно-исследовательский институт и переподготовки кадров


26.02.2016

БМТ: Силсилаи вохӯриҳо оид ба ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба рукнҳои давлатдорӣ баргузор гардид

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон баҳри дастгириии сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба анъанаҳои миллӣ, арҷ намудани рукнҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ мунтазам дар миёни кормандони воҳидҳои сохтории худ корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ мебарад. 

Аз ҷумла, тайи чанд рӯзи охири моҳи феврали соли ҷорӣ бо иштироки муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромов як силсила вохӯриҳо бо кормандони зинаҳои гуногуни бонк гузаронида шуданд. 

Зимни ин мулоқотҳои ҷиддию судманд муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз ташаннуҷи рӯзафзуни вазъи сиёсии ҷаҳон, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташакили фаромарзӣ сухан намуда, аз ҳозирин даъват намуд, ки дар нигоҳдории сулҳу суббот, оромию осоиштагӣ ва амнияти давлату миллат доимо масъулият ҳис кунан.

- Оромиву осудагии ҳар кадоми мо аз оромиву ободии кишварамон вобастагӣ дорад. Баҳри расидан ба ин мақсад, ҳар як шаҳрванди кишварамонро зарур аст, ки дар масъалаҳои амнияти давлатӣ зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳанд. Дар робита ба ҳамин масъала, бояд кору пайкор ва масъулияти баланди худро ба тарбияи насли наврас, ҷомеа ва хусусан фарзандони худ равона созем. Имрӯзҳо ҳолатҳоеро дучор мешавем, ки насли наврас аз нодонӣ ба урфу одат ва либоспӯшиҳои мардуми бегона тақлиди кӯр-кӯрона мекунанд, ки ин амалҳо боиси норозигӣ дар ҷомеаи суннатӣ гаштааст. Тақлид ба анъанаҳои бегона, дурӣ ҷӯстан аз урфу одатҳои анъанавӣ барои давлату миллат пайомади нек нахоҳад дошт. Бинобар ин, ҳар кадоми моро зарур аст, фарзандони худро дар рӯҳияи ватандориву ватанхоҳӣ , худогоҳию хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба расму ойини миллии худ тарбия намоем, - таъкид намуд С.Икромов. 

Номбурда дар ҷараёни мулоқот аз кормандони бонк даъват намуд, ки дар мавриди эҳтиром ва арҷ гузоштан ба пули миллӣ – сомонӣ дар миёни оммаи васеи мардум корҳои фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монанд.

- Пули миллӣ на танҳо воситаи муомилот, балки яке аз рамзҳои давлатдорӣ мебошад. Эҳтиром ба пули миллӣ – эҳтиром гузоштан ба давлату миллат аст, -изҳор намуд ӯ. 

Қайд кардан бамаврид аст, ки чунин силсилавохӯриҳо дар шӯъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон низ гузаронида шуда, мунтазам пеш бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни кормандон дар масъалаҳои ватандӯстиву ватанпарварӣ ва пешгирӣ аз унсурҳои ифротгароиву бегонапарастӣ ба дигар бонкҳои тиҷоратӣ низ тавсия дода шудааст. 

Хадамоти матбуоти   
БМТ


Возврат к списку