Научно-исследовательский институт и переподготовки кадров


17.08.2016

Вохӯрии намояндагони JICA дар БМТ

Имрӯз, 17-уми августи соли равон дар Пажуҳишгоҳи илмӣ -тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон намояндагони ташкилоти JICA дар Тоҷикистон бо мутахассисони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии бонки миллии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуданд. 

IMG_4777.JPG

Қобили қайд аст, ҳамасола тибқи Шартномаи давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Япония оид ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил намудан дар донишгоҳҳои кишвари Япония аз ҷониби намоядагии JICA дар Тоҷикистон озмун гузаронида мешавад.

Тӯли солҳои гузашта, якчанд нафар кормандони Бонки миллии Тоҷикистон барандаи озмуни зикршуда гашта, малакаи корӣ ва савияи дониши худро дар донишгоҳҳои маъруфи давлати Япония такмилу тақвият додаанд.

Шуъбаи матбуоти 
БМТ


Возврат к списку