Научно-исследовательский институт и переподготовки кадров


13.06.2016

Идоракунии кормандон дар шароити муосир

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои кормандони низоми бонкии ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Идоракунии кормандон дар шароити муосир” се тренинги омӯзишӣ баргузор намуд. 

Sem_pajuh_kadr_1.jpg

Дар доираи тренингҳои мазкур, ки барои роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва мутахассисони низоми бонкии кишвар анҷом ёфт, масъалаҳои “Стратегияи кор бо кадрҳо”, “Ҷустуҷӯ ва интихоби кадрҳои нав”, “Ҷобаҷокунии кадрҳо”, “Баҳодиҳии кадрҳо”, “Идоракунии кадрҳо ва муносибат бо кормандон”, “Таъсири кадрҳо дар рушди корхона” мавриди баҳсу баррасӣ сурат гирифта, иштирокдорони семинар аз намунаҳои беҳтарини таҷрибаҳои худ вобаста ба муносибат, идоракунӣ ва ҳавасмандгардонии кормандон ба якдигар табодули назар намуданд. 

sem_pajuh_kadr_2.jpg

Қобили қайд аст, ки иштирокдорони тренинг дар баробари шинос шудан бо шаклҳои идоракунии ҳамкорони худ, инчунин бо таҷрибаҳои муосири кор дар Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Федеролии Олмон ошно шуданд. 


Хадамоти матбуоти   
БМТ


Возврат к списку