Научно-исследовательский институт и переподготовки кадров


16.09.2016

Семинар дар мавзӯи “Ташкили бозори пардохтпазири дараҷаи дуюм барои вомбаргҳои давлатӣ дар Тоҷикистон”

Бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Маркази ҳамкориҳои техникии Дойч Бундесбонк (Олмон) бо Бонкҳои Марказӣ, дар доираи барномаи таълимӣ, аз 13-ум то 16-уми сентябри соли равон, дар Бонки миллии Тоҷикистон барои мутахассисони Дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, БДА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСП “Казкоммертсбонк Тоҷикистон”, ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”, ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСП “АксессБонк”, ҶСК “Соҳибкорбонк”, ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”, ҶСК “Бонки Эсхата” ва ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” дар мавзӯи “Ташкили бозори пардохтпазири дараҷаи дуюм барои вомбаргҳои давлатӣ дар Тоҷикистон” семинари омӯзишӣ баргузор гардид. 

IMG_4892.JPG

Дар рафти семинари чоррӯза ба иштирокдорон аз ҷониби мутахассисони Маркази ҳамкориҳои техникии Дойч Бундесбонк бо Бонкҳои Марказӣ ҷаноби Томас Госвин ва хонум Наталия Можаева-Ҳенлайн оид ба таҳияи тартиби холгузорӣ барои баҳодиҳии қарз бо истифодаи системаи The Digital Switch ва The Discriminant Function, ҳисоб кардани коэффитсиентҳои молиявӣ ва ташкили бозори пардохтпазирии дараҷаи дуюм барои вомбаргҳои давлатӣ бо овардани мисолҳо маърӯзаҳо хонда шуда, дарсҳои назариявӣ бо корҳои амалӣ таҷрибаандӯзӣ гаштанд. 

IMG_4907.JPG

Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур, тавассути омӯзиши таҷрибаи пешқадами Бонкҳои марказии кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Ҷумҳурии Федеролии Олмон, баланд бардоштани донишу малакаи кории мутахассисони низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 

IMG_4899.JPG

Шуъбаи матбуоти 
БМТ


Возврат к списку