Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи кории мутахассисони ҷавони ташкилотҳои қарзии кишвар дар доираи Барномаи муштараки омӯзиши “Дугона”-и (дуалӣ) байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи амонатҳо ва муносибатҳои байналмилалии Олмон аз санаи 9 то 14 апрели соли 2018 дар ш. Гулистони вилояти Суғд семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Семинари мазкур бо ду забон (русӣ ва тоҷикӣ) барои мутахассисони ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ гузаронида шуд.
Чорабинии зикргардида дар ду баст доир гардида, дар қисмати якум иштирокчиёни ин семинар бо маводҳои назариявӣ шинос карда шуда, дар қисмати дигари он усулҳои фаъоли таълим дар шакли инфиродӣ дар намуди “Бозии пасандоз” гузаронида шуд.
Қайд намудан зарур аст, ки иштирочиёни чорабинӣ дар доираи “Бозии пасандоз” донишҳои азхудкардаи худро дар амалия татбиқ намуда, малакаю маҳорати худро доир ба қабули қарорҳо дар самти таҳияи нақшаи молиявии оила, истифодаи маблағҳои пулӣ ва пасандозҳо сайқал доданд.
Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ