Аз санаи 3 то 7 июни соли 2024 дар Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон (CCAMTAC) ва Донишкадаи Муттаҳидаи Вена (JVI) семинари омӯзишӣ оид ба таҳлили макроиқтисодӣ/барномасозии молиявӣ ва сиёсат барои мутахассисони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мавзуи семинар барои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мегардад. Семинар имкон фароҳам овард, ки иштирокдорон татбиқи воситаҳои барномасозии молиявиро дар раванди таҳлили вазъи кунунии иқтисодиёт, пешгӯии самти рушди он ва муайян намудани тадбирҳои сиёсати иқтисодӣ аз худ намоянд.
Семинари мазкур аз ҷониби ҳайати лекторон ҷаноби Нурдаулет Абилов, хонум Алия Кистаубоева (таҳлилгарони иқтисодии CCAMTAC) ва хонум Татьяна Евдокимова (иқтисодчии калони JVI) дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуд.
Ба раванди ташкил ва баргузории семинари мазкур директори Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон ҷаноби Норберт Функе баҳои баланд дода, ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон миннатдории хешро изҳор намуд.
Сипас ба иштирокдорони семинар аз ҷониби муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Икромӣ С.С. ва директори Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон ҷаноби Норберт Функе сертификатҳо супурда шуданд.
Қобили тазаккур аст, ки Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон лоиҳаи муштараки Хазинаи Байналмилалии Асъор ба ҳисоб рафта, аз ҷониби нуҳ кишвари узв (Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон), инчунин дигар шарикони рушд ташкил карда шудааст.
Шуъбаи матбуоти БМТ