Рӯзҳои 25-26 июли соли 2024 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помиринвест–2024” баргузор гардид.
Дар Форум маҳсулоти хизматрасониҳои молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба намоиш гузошта шуд, ки дар он ҳамаи воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ВМКБ фаъолона иштирок намуданд.
Инчунин, дар доираи кори Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузорӣ рӯзи 26 июл Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии соҳибкорон дар бахши молия ва бонкдорӣ” панели алоҳида баргузор намуд.
Дар чорабинӣ зиёда аз 100 нафар соҳибкорон аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Зимни пешниҳоди рӯнамо мавзуъҳои Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ, таъмини меъёрҳои асосии Стратегияи фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022-2026 дар ВМКБ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ яке аз равандҳои муҳимми васеънамоии дастрасии молиявӣ, рушди фаъолияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар ВМКБ, нақши баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ дар рушди соҳибкории хурду миёна дар мавриди сармоягузорӣ мавриди баррасии аҳли нишаст қарор дода шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ байни Ташкилоти қарзии хурди “Рушди кӯҳистон” ва Агентии ИМА оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (USAID) ба маблағи 1,3 млн сомонӣ шартнома ба имзо расонида шуд.
Пажуҳишгоҳи
илмӣ-тадқиқотии БМТ