Научно-исследовательский институт и переподготовки кадров


Дарси “Асосҳои назарияи иқтисод” бояд ҷолиб бошад 08.06.2016 Дарси “Асосҳои назарияи иқтисод” бояд ҷолиб бошад
Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи барномаи махсус оид ба “Баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ” барои аҳолии кишвар давом дорад. 

Маҳорати мутахассисон такмил дода мешавад 03.06.2016 Маҳорати мутахассисон такмил дода мешавад
Бо мақсади баланд бардоштани малакаи кории мутахассисони низоми бонкӣ дар ҷараёни кор бо ҳуҷҷатгузориҳои электронӣ, самаранок истифода бурдани воситаҳои техникӣ, кам кардани хароҷот ва истифодаи босамари вақти корӣ, имрӯз, 3 июни соли равон, барои кормандони Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҳуҷҷатгузории электронӣ” семинари таълимӣ баргузор гардид. 

Семинар дар мавзӯи “Назорати марбут ба хавф” 02.06.2016 Семинар дар мавзӯи “Назорати марбут ба хавф”
Аз санаи 30-юми май то 1-уми июни соли ҷорӣ, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи барномаи таълимӣ барои соли 2016 бо иштироки намояндагони Маркази ҳамкориҳои техникии Дойч Бундесбонк (Олмон) бо бонкҳои марказӣ, дар Бонки миллии Тоҷикистон, барои мутахассисони Дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии БМТ дар мавзӯи “Назорати марбут ба хавф” семинари омӯзишӣ баргузор намуд. 

Семинар-машварат барои мактаббачаҳо 27.05.2016 Семинар-машварат барои мактаббачаҳо
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 10-ум то 20-уми майи соли равон, давраи аввали семинар-машваратҳоро оид ба “Баланд бардоштани дониши молиявии аҳолӣ”, дар 11 мактаби таҳсилоти умумии минтақаҳои гуногуни кишвар (шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Истаравшан, Данғара, Ваҳдат, Ғафуров, Бохтар ва Рӯдакӣ) баргузор намуд.

Барои хабарнигорон семинар гузаронида шуд 13.05.2016 Барои хабарнигорон семинар гузаронида шуд
Имрӯз, 13 майи соли 2016 Бонки миллии Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи ташкил намудани Низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Тоҷикистон бо низоми пардохтии Visa International - TJNNSS (Tajikistan National Net Settlement Service), барои хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ семинари таълимӣ дар мавзӯи “Пардохтҳои электронӣ” баргузор намуд.


Новости 21 - 25 из 37
Начало | Пред. | 3 4 5 6 7 | След. | Конец