Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
Саҳифаи иттилоотии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон

Ахбор

14.11.2019

Ташрифи ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор

Аз 4 то 8-уми ноябри соли 2019 ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ба кишварамон ташриф овард. Ба ҳайати мазкур намояндагони Гурӯҳи Авруосиё оид ба МҚД/МТ (ГАО) ва Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявии Федератсияи Русия (МУМЦФМ) низ шомил буданд.

Мақсад аз ташрифи ҳайат муҳокимаи талаботҳои мақомоти дахлдор ҷиҳати рафъи камбудиҳои ошкоргардида дар рафти баҳогузории тарафайни низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) дар кишвар ва ҷалби кӯмаки техникии ХБА дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Дар рафти ташриф ҳайати ХБА бо аъзои Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО, намояндагони мақомоти кишвар ва бахши хусусӣ ки бевосита дар ҷараёни марҳилаи баҳодиҳии тарафайни низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО– и Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, баҳри пешрафти он саҳмгузоранд, вохӯрӣ барпо намуд.

Дар назар аст, ки дар ҳамкорӣ кумакҳои техникии ХБА ҷиҳати такмили низоми МҚД/МТ/МПСҚО дар якҷояги бо мақомоти дахлдори кишвар амалӣ карда шавад.

Ҳайати ХБА иброз дошт, ки баъд аз баррасӣ ва омӯзиши пешниҳодот омода аст дар самти самаранокӣ ва мувофиқати техникӣ низоми МҚД/МТ/МПСҚО-ро мусоидат намояд.

Диданд: 2615

Бозгашт

x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ