Ахбор

11.02.2019 Ба феҳристе, ки бо қатъномаи ША СММ тасдиқ шудааст тағйирот ворид карда шуд

Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шурои Амнияти СММ 1267/1989/2253 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо ДИИШ ва “Ал-Қоида” алоқамандро тасдиқ кард.

06.02.2019 Семинар дар мавзӯи МҚД/МТ/МПСҚО барои кормандони ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 5 феврали соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони ташкилотҳои қарзии кишвар, аз ҷумла ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ва ҶДММ ТАҚҲ “Арванд” семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Муқовимат ба...

30.01.2019 Маълумот барои довталабон

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), ҳамкории худро бо Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Русия ва Маркази байналмилалии омӯзишӣ - методии мониторинги молиявии ин кишвар баҳри омода намудани мутахассисони ватанӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар макотибҳои олии Федератсияи Русия ба роҳ мондааст.

25.01.2019 Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 январи соли 2019 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти назоратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақоми ваколатдор дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва...

15.01.2019 Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ ва МПСҚО

11 январи соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) бо роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба...

11.12.2018 Вохӯрии намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ ва Департаменти мониторинги молиявии назди БМТ

Бо мақсади пешгирӣ намудани ҷиноятҳои марбут ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) ва муҳокимаи масъалаҳо дар ин самт санаи 7 декабри соли 2018 дар Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Раёсати мазкур бо...

28.11.2018 Семинари омӯзишӣ барои намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

27-уми ноябри соли 2018 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон барои намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) семинар баргузор гардид.

20.11.2018 Ба феҳристе, ки бо қатъномаи ША СММ тасдиқ шудааст тағйирот ворид карда шуд

Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шурои Амнияти СММ 1267/1989/2253 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо ДИИШ ва “Ал-Қоида” алоқамандро тасдиқ кард.

20.11.2018 Ҷаласаи 29-уми пленарии ГАО ва Ҷаласаи 12-уми ШРМКМ ИДМ:

Аз 12 то 16-уми ноябри соли 2018 дар ш. Минск (Ҷумҳурии Беларус) Ҷаласаи 29-уми пленарӣ ва ҷаласаҳои Гурӯҳҳои кории Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм (ГАО) баргузор гардиданд.

13.11.2018 Ба феҳристе, ки бо қатъномаи ША СММ тасдиқ шудааст тағйирот ворид карда шуд

Санаи 13-уми ноябри соли 2018 Кумитае, ки дар асоси қатъномаи Шурои Амнияти СММ 1518 (2003) таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо Ироқ алоқамандро тасдиқ кард


Новости 111 - 120 аз 199
Аввал | Пешӣ | 10 11 12 13 14 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо