Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
Саҳифаи иттилоотии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон

Ахбор

16.11.2020

Таҳлил ва омӯзиши раванди фаъолгардонии суратҳисобҳои муросилотӣ бо коршиносони байналмилалӣ

Бо мақсади мусоидат ба иштирокчиёни низоми бонкии кишвар дар таҳлил ва омӯзиши омилҳои маҳдудият ва раванди фаъолгардонии суратҳисобҳои муросилотӣ дар бонкҳои хориҷӣ Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи кӯмаки техникии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (минбаъд - САҲА) ҳамкориро бо коршиноси байналмилалии соҳавӣ Джусеппе Ломбардо ба роҳ мондааст.

Дар доираи ҳамкориҳои ба роҳ мондашуда санаи 11 ноябри соли ҷорӣ вохӯрии коршинос тариқи алоқаи видеоконфронс бо намояндагони Департамент ва ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои мавҷуд будани омилҳои маҳдудият ва тавсеаи суратҳисобҳои муросилотӣ, риоя ва татбиқи талаботҳои байналмилалӣ, назорати дохилӣ, комплаенс ва ғайра дар ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

1 Снимок.PNG

Интизор меравад, ки дар доираи кӯмаки техникии САҲА коршиноси байналмилалӣ омилҳои асосии тавсеа наёфтани кушодашавии суратҳисобҳои муросилотии ташкилотҳои қарзии молиявиро бо бонкҳои хориҷӣ муайян намуда, тавсияҳои мушаххасро барои вусъат бахшидани фаъолият дар ин самт пешниҳод намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкил намудани чорабинии мазкур ва ҳамкории доимии судманд дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ба дафтари барномаҳои САҲА дар ш.Душанбе бахусус ба сардори Департаменти иқтисодӣ ва экологии ниҳоди мазкур Филиппо Кривеларо, инчунин ба Александр Маскович, Малика Ҷӯрабаева ва дигар иштирокдорон изҳори сипос намуда, омодагии худро барои ҳамкории доимӣ иброз менамояд.

ДММ

Диданд: 1629

Бозгашт

x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ