Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
Саҳифаи иттилоотии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон

Ахбор

03.02.2021

Маълумот барои довталабон

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), ҳамкориро бо Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия ва Маркази байналмилалии омӯзишӣ - методии мониторинги молиявии ин кишвар баҳри омода намудани мутахассисони ватанӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар макотибҳои олии Федератсияи Россия ба роҳ мондааст.

Айни замон марҳилаи навбатии қабули довталабон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар макотибҳои олии Федератсияи Россия барои солҳои 2021-2022, танҳо барои Магистратура (тибқи ҷадвали замимагардида бо забони русӣ) оғоз гардидааст.

03.02.2021 Снимок.PNG

Бояд гуфт, ки макотибҳои олии Федератсияи Россия узвҳои комилҳуқуқи Донишкадаи байналмилалии шабакавӣ дар самти МҚД/МТ мебошанд. Вобаста ба ин, дар сурати ҳавасмандӣ ба таҳсилот дар макотибҳои олии ин кишвар аз ҷумла дар муассисаҳои таълимии узвҳои Донишкадаи шабакавӣ дар самти МҚД/МТ, тариқи истиноди “https://mumsfm.ru/deatelnost/setevoj-institut-v-sfere-podft/postuplenie” маълумоти зарурӣ пайдо метавон кард.

Ҳамзамон, довталабон метавонанд маълумоти иловагиро (брошюраи Донишкадаи шабакавӣ дар самти МҚД/МТ ва дигар мавод) аз саҳифаи иттилоотии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз истиноди  http://www.nbt.tj/tj/financial_monitoring/student.php дарёфт намоянд.

Қобили қайд аст, ки бақайдгирӣ дар сомонаи edu.rs.gov.ru аз санаи 20 январ то 20 феврали соли равон (то соати 18:00-и вақти Душанбе) баргузор мегардад. Ҳангоми бақайдгирӣ дар сомонаи “edu.rs.gov.ru” ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои таълимии узвҳои Донишкадаи шабакавӣ дар самти МҚД/МТ довталабонро мебояд, ки дар сутуни “Линия прибытия” калимаи “Росфинмониторинг”-ро қайд намоянд.

Дар баробари маълумоти қайдшуда, дар мавриди пайдо шудани саволҳо нисбат ба тартиби бақайдгирӣ, супоридани ҳуҷҷатҳо ва интихоби минбаъдаи довталабон ба макотибҳои олии Федератсияи Россия, довталабон метавонанд ба намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ин истинод “tjk.rs.gov.ru” барои гирифтани машварат муроҷиат намоянд.

Инчунин, довталабонро зарур аст, ки як (1) нусхаи ҳуҷҷатҳои худро дар баробари ворид намудан ба сомонаи “edu.rs.gov.ru”, ҳатман ба суроғаи электронии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон “dmm@nbt.tj” бо номгӯи “Довталаб - 2021”ирсол намоянд. Бояд зикр намуд, ки ирсоли ҳуҷҷатҳо ба Департамент барои корбарии минбаъда бо довталабон комилан зарур мебошад. Дар ҳолати зарурӣ довталабон барои омодагӣ ба мусоҳиба бо намояндагони Департаменти мониторинги молиявӣ даъват мегарданд.

Телефон барои тамос: 44 600-36-87.


Диданд: 1508

Бозгашт

x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ