Сиёсати пулӣ

Сиёсати пулию қарзӣ

Сиёсати пулию қарзӣ (сиёсати монетарӣ) аз раванди танзим ва идораи пешниҳоди ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, сатҳи пардохтпазирии низоми бонкӣ ва меъёрҳои кӯтоҳмуддати фоизии бозори байнибонкӣ тавассути истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ иборат буда, баҳри пеш аз ҳама ба даст овардани суботи нархҳо ва ба ин васила мусоидат ба рушди воқеии иқтисодиёт равона мегардад.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки марказӣ дар доираи ваколатҳое, ки қонунгузории ҷорӣ пешбинӣ кардааст, мустақилан барои таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзии давлат масъул мебошад. Аз ҷумла, тибқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ноил шудан ба сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ ва нигоҳ доштани он дар давраи дарозмуҳлат буда, вазифаи сиёсати пулию қарзӣ пеш аз ҳама барои расидан ба ин мақсад амалӣ мегардад.