Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,4%
  • 4,5%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал), млрд. сомонӣ
    36,0
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 06 феврали с.2023)11,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)8,55%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2023
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-феврал)
    12,38 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-феврал)
    22,71 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-феврал)
    15,97 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,50 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,93 %




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 03.04.2023

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3571.85 3644.01
10 7056.58 7199.13
20 13966.79 14248.95
50 34678.35 35378.92
100 69191.64 70589.45

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Апрел      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 31 1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
  • Яндекс.Метрика

Ахбор

23.11.2006 Ҷаласаи васеи Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид

22 ноябри соли равон дар Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҷаласаи васеи Раёсати бонк бо роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва ғайрибонкии молиявӣ баргузор гардид.

15.11.2006 Ҳайати БМТ дар конфронси байналхалқӣ ширкат варзид

Чанде пеш ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифҷонов А.Ш., дар конфронси байналхалқии “Банкнота - 2006”, ки дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, ширкат варзид. Дар кори он зиёда аз 400 нафар мутахассисон Бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои онҳо аз Амрико, Русия, Ҷопон, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, ташкилотҳои Интерпол, Европол, корхонаҳои истеҳсоли қоғаз ва таҷҳизотҳои махсус барои чоп ва коркарди пули нақд истифодашаванда ( аз ҷумла иттиҳодияи “Гознак”-и Федератсияи Русия, ширкатҳои “Кустерз”– и Голландия ва “Гизеке – Давриент” - и Олмон, ки бо истеҳсол ва нигаҳдорӣ пулҳои коғазӣ машғул ҳастанд), иштирок намуданд.

26.10.2006 Мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистрон бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор

23 октябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии мақомоти роҳбарии БМТ таҳти сарварии Раиси бонк Алимардонов М. М. бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), ки бо сафари хизматӣ дар Тоҷикистрон қарор доранд, баргузор гардид.

20.10.2006 Ҳайати ХБА кори худро оғоз намуд

20 октябри соли ҷорӣ ҳайати Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии ҷаноби Карлос Пинеруа, ки субҳи имрӯз ба Тоҷикистон ташриф овард, кори худро оғоз намуд.

18.10.2006 Дар нишасти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон натиҷаи фаъолияти нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ ҷамъбаст карда шуд

18 октябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии навбатӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2006 ҷамъбаст карда шуданд.

29.09.2006 Дар Душанбе намояндагии ҶС «Казкоммерцбанк» кушода шуд

29 сентябри соли равон Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дархости ҶС «Казкоммерцбанк» (Қазоқистон)-ро баррасӣ намуда, дар асоси моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ҷиҳати таъсиси намояндагии ҶС «Казкоммерцбанк» дар шаҳри Душанбе розигӣ дод.

27.09.2006 Лоиҳа Стратегияи миёнамӯҳлати рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2009

Стратегияи миёнамӯҳлати рушди низомии бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2009 мутобиқи Стратегияи Миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 таҳия гардида, самтҳои муҳими рушди низоми бонкии мамлакатро дар ин давра ҷиҳати таъмини устувории иқтисодиёт, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум муайян менамояд.

20.09.2006 Таъсиси «Бонки рушди Тоҷикистон»

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори худ аз 19 сентябри соли 2006 (№329), дар асоси моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва моддаҳои 17, 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ба Ҷамъияти саҳмомии пӯшидаи «Бонки рушди Тоҷикистон» ҷиҳати гузаронидани амалиёти бонкӣ иҷозат дод.

15.09.2006 Вохӯрии роҳбарияти Бонки милии Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Ҷумҳурии Мардумии Чин

14 сентябри соли ҷорӣ вохӯрии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Алимардонов М. М. бо Президенти Бонки давлатии рушди Ҷумҳурии Мардумии Чин (БДРЧ) Чэн Юан доир гашт. Дар рафти мулоқот як қатор масоили муҳим, аз ҷумла дурнамои ҳамкориҳо миёни БМТ ва БДРЧ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

14.09.2006 Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Чин

14 сентябри соли 2006 дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дидору мулоқоти Раиси БМТ Алимардонов М. М. бо ҳайати Бонки содиротӣ-воридотии Чин, ки таҳти сарварии ноиби президенти бонки мазкур Ли Ганг дар Тоҷикистон қарор доранд, доир гашт.

07.09.2006 Дар Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дархости Раиси Раёсати ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” Лалбеков И. Л. –ро аз 30 майи соли равон баррасӣ намуда, бо назардошти ташхиси омодагии бонки мазкур барои иҷрои амалиётҳои сейфӣ, дар асоси моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ” бо қарори худ ба ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ҷиҳати иҷрои амалиёти сейфӣ иҷозат дод.

07.09.2006 Маҷлиси тантанавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

Дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии 15-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар назди кормандони бонк Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов бо паёми табрикӣ суханронӣ намуд. Ӯ аҳли нишастро бо ҷашни умумихалқӣ табрик намуда, иброз дошт, ки ин ҷашн ба соле рост омадааст, ки тамоми мардуми кишвари азизамон 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, бузургдошти Тамаддуни Ориёиро истиқбол мегиранд ва ба гузаронидани Анҷумани тоҷикони ҷаҳон тайёрӣ мебинанд.

25.08.2006 Семинар дар Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Биржаи марказии фондии Тоҷикистон (БМФТ) курси таълимиро оид ба тайёр намудани трейдерҳои биржавии асъори хориҷӣ гузаронид. Семинаре, ки панҷ рӯз давом кард, идомаи курси таълимии муштарак дар чаҳорчӯбаи омода намудани мутахассисони бахши бонкӣ ба шумор меравад.

25.08.2006 Ҳайати ХБА кори худро оғоз намуд

25 августи соли 2006 ҳайати навбатии Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии ҷаноби Карлос Пинеруа, ки ба ҷумҳурии мо ташриф овард, кори худро оғоз намуд.

07.08.2006 Ба муомилот тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ бароварда шуданд

Бо мақсади бузургдошти ҷашнҳои миллӣ ва таърихии кишварамон бо Қарори Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2006 тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнии зерин ба муомилот бароварда шуданд:

21.07.2006 Нишасти матбуотӣ дар БМТ

19 июли соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи фаъолияти бонк дар нимсолаи аввали соли 2006 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

19.07.2006 Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

7 июли равон Намояндаи нави доимии Хазинаи байналхалқии асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Лукас Моерс ба иҷрои вазифаи худ шурӯъ намуд.

12.06.2006 Мизи мудаввар дар БМТ

12 июни соли 2006 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши идоракунӣ дар суботи низоми бонкӣ» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ЮСАЙД, ширкати Беринг Пойнт, сафорати ИМА дар Тоҷикистон, роҳбарони идораҳои БМТ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ҷамъияҳои қарзӣ ширкат варзиданд.

09.06.2006 Ҷаласаи муштараки Комиссияи мустақил

Рӯзи 9 июни соли 2006 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Комиссияи мустақил оид ба ҳалли қарзи бахши пахтакорӣ бо як қатор ташкилотҳои байналхалқиву молиявӣ – мададгорон, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии рушд, ХБА, Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ, Бонки Аврупоии Таҷдиду Тараққиёт, ЮСАИД, Созмони ҳамкорӣ ва амнияти Аврупо, Комиссияи Аврупо, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Департамент оид ба рушди муносибатҳои байналхалқии Сафорати Британияи Кабир, ЮНИСЕФ, дар масъалаи «Тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли соҳаи пахтакорӣ» баргузор гардид.

06.06.2006 Марказии хазинадории Вазорати молияи ҶТ аъзои низоми пардохтҳои электронӣ

Аз таърихи 5 июн Идораи марказии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми байнибонкии пардохтҳои электронии Бонки миллии Тоҷикистон пайваст гардид. Ба Идораи марказии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ба иштирокдори баробарҳуқуқи низоми байнибонкии пардохтҳои электронӣ мушаххасоти зерини бонкӣ дода шуд:

24.05.2006 Муаррифии Стратегияи рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон

23 майи соли 2006 дар Бонки миллии Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо аъзои комиссияи мустақил ва гуруҳи татбиқи лоиҳа оид ба ҳалли қарзи бахши пахтакорӣ Стратегияи инкишофи соҳаи кишоварзии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

22.05.2006 Дар ш. Лондон ҷаласаи солонаи БАТИ баргузор гардид

21 майи соли 2006 дар ш. Лондон ҷаласаи солонаи Бонки Аврупоии таҷдид ва инкишоф (БАТИ) баргузор гардид. Дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, мудири БАТИ аз Тоҷикистон М. Алимардонов ширкат варзид.

18.05.2006 Фаъолияти Маъмурияти муваққатии ҶСП «Кафолатбонк» қатъ карда шуд

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо Қарори худ аз 17 майи соли равон таҳти №171 дар асоси моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ҳисоботи Маъмурияти муваққатии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Кафолатбонк»-ро қабул намуда, фаъолияти он ва амали Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2006, №87 «Дар бораи ҷорӣ намудани маъмурияти муваққатӣ дар фаъолияти ҶСП «Кафолатбонк» қатъ намуд.

17.05.2006 Мулоқот бо директори корхонаи сикказании Санкт-Петербургии Иттиҳодияи Госзнаки Федератсияи Русия

16 майи соли равон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов ва аъзои Раёсати БМТ бо директори корхонаи сикказании Санкт-Петербургии Иттиҳодияи Госзнаки Федератсияи Русия ҷаноби А. Мазур, ки ба тозагӣ бо сафари корӣ ба ҷумҳурии мо ташриф оварданд, мулоқот намуданд.

16.05.2006 Дар БМТ мизи мудаввари байналхалқӣ бо иштироки аъзои Гурӯҳи ҳамоҳангсоз баргузор гардид

Масъалаҳои ҷалби сармояи ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ ва хазинаҳои мамолики араб ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат дар ҷаласаи Мизи мудаввари байналхалқӣ бо иштироки аъзои Гурӯҳи ҳамоҳангсоз, ки 15 майи соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, мавриди барррасӣ қарор гирифтанд.

04.05.2006 Нишасти матбуотӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

3 майи соли 2006 дар Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи фаъолияти бонк ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар семоҳаи авали соли равон барои намояндагони васоити ахбори дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Келдиёрова, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов, муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбарони Идораю шӯъбаҳои БМТ ширкат варзиданд.


Ахбор 4837 - 4862 аз 4868
Аввал | Пешӣ | 184 185 186 187 188 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо
  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ