Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи октябр
    1,0%
  • 8,7%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    24,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 25 октябри с.2021)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)12,48
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-сентябр)
    10,54
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-сентябр)
    23,86
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-сентябр)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    22,18
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    20,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 18.11.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 470.01 3 552.88
10 6 853.05 7 016.71
20 13 560.01 13 883.84
50 33 661.82 34 465.72
100 67 158.87 68 762.75

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Дар нимсолаи аввал таваррум 4,5 фоизро ташкил намуд

30.07.2014

    Сарфи назар аз вазъи мураккаби сиёсӣ-иқтисодӣ дар ҷаҳон, бахусус ноустувории иқтисодиёти кишварҳои минтақа, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва молиявӣ дар нимсолаи якуми соли 2014 дар сатҳи нисбатан муътадил қарор доштанд.
    Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра ба 17,9 млрд. сомонӣ баробар шуда, суръати рушди воқеии он 6,7 фоизро ташкил намуд. Рушди бештар дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз ҷумла, сохтмон 28,4 фоиз, гардиши савдои чакана 8,9 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 6,0 фоиз, хизматрасонӣ 3,8 фоиз ва саноат 2,9 фоиз ба қайд гирифта шуд.     
    Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ раванди нисбатан номуътадили сатҳи нархҳои маҳсулоти воридотӣ ҳамчун омили беруна ва болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ (картошка, сабзӣ ва пиёз) ҳамчун омили мавсимӣ ба болоравии сатҳи таваррум таъсир расонид. Дар натиҷа ин нишондиҳанда 4,5 фоизро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 банди фоизӣ зиёд гардид. Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ 7,0 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 2,4 фоиз ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,3 фоиз ба вуқуъ пайваст.
     Тибқи ҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таварруми аслӣ дар ин давра 2,4 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 банди фоизӣ зиёд мебошад.
    Дар давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ вазъи фаъолияти иқтисодиёти берунӣ низ раванди муътадил дошт. Дар натиҷа, гардиши савдои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ маблағи 2,9 млрд. долл. ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,3 фоиз афзуд. Аз ҷумла, гардиши савдо бо кишварҳои хориҷаи наздик 30,6 фоиз ва бо кишварҳои хориҷаи дур 3,7 фоиз афзоиш ёфт. Ҳаҷми содироти молҳо ба 521,0 млн. долл. ИМА ва воридоти молҳо ба 2,4 млрд. долл. ИМА расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 14,8 фоиз кам ва 23,5 фоиз зиёд мебошад.
     Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2014 вобаста ба вазъи иқтисодию-молиявӣ сиёсати пулию қарзиро барои муътадил нигоҳ доштани сатҳи нархҳо, рушди боэътидоли ҳаҷми пул ва таъмини фаъолияти солими низоми бонкии кишвар равона намуд. Бо назардошти вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва таъмини рушди низоми бонкии кишвар меъёри бозтамвил дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз 5,5 фоиз то 4,8 фоизи солона паст карда шуд. Ҳамзамон, вобаста ба зиёд гардидани фишорҳои таваррумӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ меъёри бозтамвил то 5,9 фоизи солона зиёд карда шуд.
     Ҳаҷми пулҳои захиравӣ ҳамчун нишондиҳандаи барномавӣ ба ҳолати 30 июни соли ҷорӣ, 5,6 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 25,3 афзуд.
    Вобаста ба рушди иқтисодиёт, таъмини талабот ба пул ва ҷалби пасандозҳои дархостшаванда афзоиши ҳаҷми пул (М3) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,4 фоиз ва пулҳои нақди берун аз бонкҳо (М0) бошад, 13,8 фоизро ташкил намуд. Нишондиҳандаи васеи ҳаҷми пул (М4) дар ин давра суръати афзоиши нисбатан муътадилро соҳиб гардида, маблағи 8 566,4 млн. сомониро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 17,5 фоиз зиёд гардид.

Департаменти сиёсати пулӣ

Диданд: 1368

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ