Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи май
    0,5%
  • 8,4%
  • Пулҳои захиравӣ (май), млрд. сомонӣ
    22,8
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 28 апрели с.2021)12,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (май)10,50
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-май)
    9,82
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-май)
    23,89
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-май)
    12,27
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (май)
    22,14
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (май)
    20,99




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 24.06.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3.340.74 3.420.52
10 6.594.50 6.751.99
20 13.042.91 13.354.40
50 32.369.07 33.142.10
100 64.573.37 66.115.50

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Мизи мудаввар: вазифаи асосӣ-ҳифзи иттилоот

19.11.2014

    12 ноябри соли 2014 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзӣ дар мавзӯи: “Ҳифзи иттилоот дар заминаи барномаҳои Microsoft” мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон, корпоратсияи Microsoft ва дастгирии ширкати «SoftlineТаджикистан» доир гашт. Ба чорабинӣ спикери корпоратсияи Microsoft – директори иҷозатномадиҳӣ дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ Евгений Данилов ва менеҷери бахши пешбурди фаъолият дар Тоҷикистон ва Қирғизистон Рашид Иваев даъват шуда, суханронӣ намуданд.


    
    Зимни муаррифии “Истифодаи ғайриқонунии барномаҳо – таҳдид ба ҳифзи иттилоот” масъалаи хеле ҳассос оид ба насби барномаҳои дуздӣ дар компютерҳои ширкату ташкилотҳо баррасӣ гардид. Ин гуна барномаҳо вирус ва дигар барномаҳои хизматрасонии (утилита) ғайриқонунӣ доранд. Тибқи рақамҳои оморӣ зараре, ки бевосита аз насби барномаҳои вирусдори қалбакӣ ва гумшавии маълумот дар натиҷаи бурунрафти иттилоот танҳо дар 1 ҳолат аз 1000 барномаи қалбакии сироятшуда мерасад, дар соли 2014 маблағи 364 млрд. доллари ИМА ташкил дод.
    Имрӯз вазифаи мутахассиси соҳаи иттилоот на танҳо таъмин ва ҳифзи ташкилот аз таҳдидҳои берунӣ, балки ҷорӣ намудани низоми ҳифзи дохилии иттилоот иборат мебошад. Ҳангоми муаррифии мавзӯи “Ҳифзи иттилоот”, “Унсурҳои ҳифзи иттилоот дар барномаҳои Microsoft” мутахассисони соҳаи иттилоот ба масъалаҳои муҳим, аз қабили роҳу усулҳои истифодаи барномаҳои Microsoft барои ҳифзу бехатарии бахши молиявӣ ва дигар соҳаҳои бозори молиявӣ бештар мароқ зоҳир намуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки таҳдидҳои асосии зерини дохилӣ вуҷуд доранд: 1) бурунрафти тасодуфии иттилоот бо айби мутахассисон, 2) бурунрафти мақсадноки иттилоот, интишори маълумот аз ҷониби кормандон, 3) гум ё дуздида шудани дастгоҳҳои мобилии кормандон ва 4) бурунрафти иттилоот ба воситаи дастгоҳҳои мобилӣ (e-mail, SMS ва ғайра).
    Дар шароити муосир ҳифзи иттилоот соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб рафта, барои ташкилотҳои қарзӣ муҳиму манфиатнок мебошад, чунки ҳоло маълумоти махфӣ ва шахсӣ фоизи аз ҳама баланди шумораи умумии иттилоотро ташкил медиҳад. Ҳалли масъалаи ҳифзи иттилоот барои ташкилоти қарзӣ дар мақоми аввал набошад ҳам, ҳадди ақал дар қатори панҷ масъалаи муҳимтарин қарор дорад, зеро саҳлангорӣ ва иштибоҳ дар ҳифзи иттилоот на танҳо боиси бозмондагии фаъолият, балки паст шудани шаъну эътибори ташкилот низ мегардад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Диданд: 1600

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ