Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи июн
    -0,5%
  • 9,0%
  • Пулҳои захиравӣ (июн), млрд. сомонӣ
    23,1
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 28 апрели с.2021)12,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (июн)11,01
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-июн)
    10,05
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-июн)
    23,86
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-июн)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (июн)
    22,16
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ-июн)
    21,07




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 26.07.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 377.69 3 458.35
10 6 668.40 6 827.66
20 13 190.71 13 505.73
50 32 738.58 33 520.43
100 65 312.39 66 872.17

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Роҳбарони бонкҳои марказии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии худро баргузор намуданд

18.06.2015

 Тавре хабар дода будем, 16 -17 июни соли равон дар ш.Хуҷанд ҷаласаи 32 Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё (АврОсиё) баргузор гардид.         
    Дар кори он роҳбарони бонкҳои марказии Белорусия, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва сарвари Бонки байнидавлатӣ ширкат варзиданд. 
    Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба ҳайси мизбони чорабинии мазкур роҳбарони бонкҳои марказӣ ва аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, бо сухани ифтитоҳӣ ба кори он ҳусни оғоз бахшид. 

 

    Иштирокдорони ҷаласаи номбурда дар рафти он ҷараёни иҷрои қарорҳои ҷаласаи 31 Шӯрои мазкур, чораҳо оид ба дастгирии бахши бонкӣ ва таъмини устувории молиявии низоми бонкии давлатҳои аъзои иттиҳод, вазъ ва тамоюли бозори асъори давлатҳои аъзо, таҳлили маҷмӯи маълумотҳо оид ба пардохти асъор, ки барои гардиши мол ва хизматрасонӣ миёни давлатҳои аъзо гузаронида мешаванд, ҳолати тавозунҳои пардохт ва динамикаи захираҳои байналмилали, интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣро мавриди баррасӣ қарор доданд. Намояндагони бонкҳои марказӣ(миллӣ) ҳамчунин дар рафти муҳокимаи масъалаҳои фаъолияти Шӯрои машваратии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасонии молиявӣ, кори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои истеҳсоли нишонаҳои пулӣ, рушди бозори нумизмативӣ, барориши тангаҳои хотиравӣ ва коллексионӣ, мубориза бар зидди тақаллубкорони пулҳои қалбакӣ дар солҳои 2015-2016, мубодилаи маълумотҳои оморӣ, таҳлили қурбҳои асъори миллӣ ва тағйирёбии онҳо, замон ва макони баргузорӣ ва барномаи пешакии кории ҷаласаи 33-уми Шӯро ва масъалаҳои дигари муҳими бонкӣ фикру андеша ва мавқеи худро иброз доштанд. 
    Ҷаласаи номбурда тибқи барномаи тасдиқшуда ду рӯз идома ёфта, баъди ба имзо расонидани Пайнавишти Ҷаласаи 32 Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё анҷом ёфт. 
    Тибқи қарори қабулшуда Ҷаласаи 33 Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор мешавад. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Диданд: 1603

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ