Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,7%
  • 9,5%
  • Пулҳои захиравӣ (январ), млрд. сомонӣ
    22,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 05 феврали с.2021)11,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (Январ)10,34
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    8,51
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    24,04
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)
    13,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)
    22,05
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)
    21,73




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 05.03.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3205.52 3282.08
10 6324.07 6475.10
20 12502.05 12800.62
50 31016.93 31757.67
100 61869.10 63346.64

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Феврал      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
  • Яндекс.Метрика

Тамоили афзоиши нишондиҳандаҳои монетарии пулҳои захиравӣ

16.07.2015

   Дар давраи моҳҳои январ-июни соли 2015 нишондиҳандаи пулҳои захиравӣ 10,9 фоиз ва пулҳои нақди ба муомилот бароварда 2,4 фоиз афзуд. Афзоиши нишодиҳандаҳои мазкур асосан дар муддати семоҳаи дуюм ба амал омад, ки ин ба болоравии талаботи аҳолӣ ба пул бо назардошти афзоиши интиқолҳои пулӣ нисбат ба семоҳаи якум ва инчунин, бинобар болоравии талаботи иқтисодиёт ба пули миллӣ (бо назардошти коҳиши лаппишҳои қурбӣ) дар семоҳаи дуюм вобаста мебошад. 
    Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон тавассути фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, аз ҷумла амалиёт дар бозори озод бо истифода аз фурӯши коғазҳои қиматноки худ ва векселҳои давлатии хазинадорӣ таъсири фишорҳои таваррумӣ ва қурбиро коҳиш дод. Аз ҷумла, дар нимсолаи якуми соли 2015 аз ҷониби Бонки миллӣ 21 музоядаи коғазҳои қиматнок бо маблағи 348,9 млн. сомонӣ баргузор гардид. Инчунин, дар давраи баррасишаванда, 3 музоядаи векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молия ба маблағи 119,8 млн. сомонӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа, сатҳи таваррум дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 2,6 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 банди фоизӣ пасттар мебошад.                
    Ҳамчунин, қурби пули миллӣ низ дар давоми семоҳаи дуюм нисбатан устувор гардид, ки ин ба андешида шудани чораҳои таъсиррасон аз ҷониби Роҳбарияти нави Бонки миллӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти назоратӣ ҷиҳати пурзӯр намудани назорат ва аз байн бурдани фаъолияти ғайриқонунии шахсони воқеӣ (бахусус дар вилояти Суғд), муътадил гардонидани бозори дохилии асъор, бахусус танзими нуқтаҳои мубодилаи асъор, барқарор шудани манбаъҳои асосии воридшавии асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз содирот ва интиқолҳои пулӣ, кам шудани ҳаҷми асъори аз ҷумҳурӣ ба хориҷа бароянда ва коҳиши ҳаҷми воридот, ки ҳамаи ин талаботро ба асъори хориҷӣ, аз ҷумла ба доллари ИМА-и нақдӣ кам кард, вобаста мебошад. 
    Ҳадафҳои минбаъда низ аз танзими Низоми Электронии Савдо (НЭС)-и байнибонкӣ ҷиҳати ба кор даровардани механизми бозори озоди асъор, ки ба реҷаи онлайн (воқеӣ) хариду фурӯш намудани асъор бо сомонӣ ва барои боз ҳам ба эътидол овардани бозори асъорӣ мусоидат менамояд, иборат аст. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Диданд: 1217

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ