Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи октябр
    1,0%
  • 8,7%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    24,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 25 октябри с.2021)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)12,48
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-сентябр)
    10,54
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-сентябр)
    23,86
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-сентябр)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    22,18
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    20,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 18.11.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 470.01 3 552.88
10 6 853.05 7 016.71
20 13 560.01 13 883.84
50 33 661.82 34 465.72
100 67 158.87 68 762.75

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

БМТ: “Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якум баррасӣ гардид”

30.07.2015

Дар ҷаласаи васеъи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ, раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, ки имрӯз, 30 июли соли ҷорӣ баргузор гардид, ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли равон мавриди муҳокимаи ҳамаҷонибаи иштирокдорон қарор гирифт.

jalas__.jpg

Дар оғози нишасти навбатӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор намуд, ки сарфи назар аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, ноустувории иқтисодиёти кишварҳои шарикони савдо, тағйирёбии нархи молу ашёи асосии содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва афзоиши фишорҳои қурбӣ, тамоюли мусбии рушд дар иқтисодиёти миллӣ нигоҳ дошта шуда, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва фаъолияти низоми бонкии кишвар ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-молиявӣ равона гардид.

Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли 2015 вобаста ба вазъи иқтисодию молиявӣ сиёсати мутавозуни пулию қарзиро ҷиҳати рушди боэътидоли ҳаҷми пул, муътадилии қурби пули миллӣ, таъмини фаъолияти солими низоми бонкии кишвар ва нигоҳдории сатҳи пасти таваррум, ки омили муҳими рушди иқтисодиёт ва болоравии сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад, амалӣ намуд.

Дар идомаи суханронии худ Ҷ.Нурмаҳмадзода қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо бонкҳо барои беҳтар намудани фаъолияти босуботи низоми бонкӣ ва таъмини рушди устувории он дар кишвар, ба беҳтар кардани сифати дороиҳо, пурзӯр намудани идоракунии хавфҳо, зиёд намудани сармояи асосӣ, такмил додани усулҳои идоракунии корпоративӣ, назорати қатъӣ аз болои дороиҳо, уҳдадориҳо, сатҳи пардохтпазирӣ ва баланд бардоштани самаранокӣ бояд диққати асосӣ диҳанд.

Сипас, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромов аз рӯи масъалаи асосии рӯзномаи маҷлис – “Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2015” бо таҳлили амиқ ва муфассал дар назди ҳозирин суханронӣ намуд. Номбурда диққати роҳбарони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурдро ба тамоюли зиёдшавии дороиҳои ғайриманқул, раванди сусти автоматикунонии амалиётҳои бонкӣ барои паст кардани хавфи амалиётӣ, номукаммал будани низоми идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо, сатҳи пасти риояи қоидаҳои қарздиҳӣ, риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, пешниҳоди берун аз муҳлат ва носаҳеҳи ҳисоботҳо, сатҳи пасти миёнаравии молиявӣ, беҳтар намудани идораи корпоративӣ, надоштани стратегияи ҷалби захираҳои дарозмуҳлат, фаъолияти суст дар ҷорӣ намудани маҳсулотҳои нави бонкӣ, баланд будани маржаи фоизӣ бинобар баланд будани фоизи қарзҳо ва ғайра ҷалб намуд.

jalas__1.jpg

Ҳамчунин изҳор карда шуд, ки баъди санҷишҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҷаримадиҳии бонкҳо дар ҳаҷми калон татбиқ карда шуданд ва дар сурати ислоҳ нагардидани камбудиҳои ошкоршуда, чунин сиёсат давом дода мешавад.

Дар бахши муҳокимаи масъалаҳои ҷаласа роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон дар мавриди мавҷуд будани баъзе мушкилот ҳангоми ҳисобу китоб ва пардохти андоз, интиқоли маблағҳо аз хориҷи кишвар ва ҳамчун пасандоз ворид шудани онҳо ба ташкилотҳои қарзӣ, боварӣ ба бонкҳои мамлакат, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, дар амал татбиқ намудани қонун “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ”, таҳияи дастурамалҳои ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаи феълӣ, ба роҳ мондаи фаъолияти дурусти банкоматҳои ташкилотҳои қарзӣ фикру андешаҳои мушаххаси худро иброз намуда, изҳор доштанд, ки омодаанд дар якҷоягӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои номбурда саҳми худро гузоранд.

Ва ниҳоят, дар ҷамъбасти ҷаласаи васеъи роҳбарони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд таъкид карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати пурсамар татбиқ намудани сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди низоми бонкӣ пайваста тадбирҳо хоҳад андешид.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Диданд: 2864

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ