- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
- Таваррум дар моҳи феврал0,7%
- 9,9%
- Пулҳои захиравӣ (феврал), млрд. сомонӣ23,2
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 05 феврали с.2021)11,00 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (Феврал)10,57
- Меъёри фоизӣ дар соли 2021
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-март)9,59
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-март)23,94
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-март)12,26
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (март)22,00
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (март)20,85
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 19.04.2021 1 USD 11.3200 1 EUR 13.5682 1 RUB 0.1488
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2019
- Соли молиявии 2018
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Таъсири девалватсияи юани Хитой ба асъорҳои ҷаҳон
Дар ду ҳафтаи охир пасту баландшавии нарху наво дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба назар расид. Бонки мардумии Хитоӣ дар пасманзари сустшавии рушди иқтисоди ин кишвар қурби юанро нисбат ба долл. ИМА зиёда аз 3% паст кард, ки ин дар навбати худ дар иқтисоди ҷаҳонӣ вокуниши занҷириро ба миён оварда, ба афтидани нархҳо қариб дар тамоми бозорҳои фондии ҷаҳонӣ мусоидат намуд.
Ба касе пӯшида нест, ки Ҷумҳурии халқии Хитой аз рӯи бузургии иқтисод дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол менамояд ва дар натиҷаи сустшавии рушди иқтисоди ин кишвар ва нишонаҳои юани заифшаванда ба нархи молҳо, аз ҷумла ба нархи нафт таъсир расонид. Баъд аз ин, девалватсияи асъорҳои як қатор мамлакатҳои содиркунандаи нафт, бахусус Русия, Қазоқистон ва ғайра, ки бо Хитой ҳамкории зич доранд, оғоз ёфт.
Ҳамзамон, интизории баланд бардоштани фоизи Низоми захираҳои федералӣ (ФРС), маълумотҳои манфии омории Осиё ва Аврупо ҳангомаро дар бозорҳои фондии ҷаҳонӣ ба вуҷуд оварданд. Индекси биржаи Шанхай ба андозаи 8,5% афтод. Ин сабабгори он шуд, ки рӯзи 24 августи соли ҷорӣ, ки аллакай ҳамчун “душанбеи сиёҳ” ном пайдо кардааст, бозорҳои ҷаҳонӣ ба сатҳи минималии соли ҷорӣ поин рафтанд. Дар ин замина индексҳои РТС – 4,9% (Биржаи Федератсияи Русия), FTSE (Биржаи Лондон) – 4,7%, S&P 500 (Биржаи Амрико)-3,1%, Nikkei250 (Биржаи Ҷопон) – 4,6% паст шуданд.
Ҳамин тариқ, дар давоми ду ҳафтаи охир (аз 10 то 24 августи соли 2015) беқурбшавии рубли русӣ 12%, тенгеи қазоқӣ 33%, лираи туркӣ 5%, юани чинӣ 3%, рубли белорусӣ 7%-ро ташкил намуд. Бо вуҷуди ҳамкориҳои зичи як қатор кишварҳои номбаршуда бо Тоҷикистон, беқурбшавии қурби бозории сомонӣ дар ин давра ба василаи андешидани чораҳои саривақтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, аз қабили истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ на зиёдтар аз 2,1%-ро ташкил дод.
Қобили қайд аст, ки тағйирёбӣ ё коҳиши босуръати асъори хориҷӣ нисбати долл. ИМА, ки дар ҳафтаҳои гузашта дар бозорҳои асъор ба вуқуъ пайваст, хоси танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пули миллии он нест. Бо таваҷҷуҳ ва андешаи начандон амиқ метавон дарк кард, иқтисоди аксари давлатҳои рушдкардаи Аврупою Осиё ва қисматҳои дигари олам дар муқобили лаппишҳои долл. ИМА муқовимат карда натавонистанд ва дар натиҷа қурби миллиашон рӯ ба пастравӣ ниҳоданд.
Ниҳоят рӯзҳои сешанбе ва чоршанбе бозорҳои ҷаҳонии фондӣ ва асъорӣ динамикаи мусбӣ нишон доданд ва изҳороти дирӯзаи Бонки марказии Хитоӣ дар мавриди поин бурдани фоизҳои амонатҳою қарзҳо ба андозаи 0,25%, ба баланд шудани нархҳо дар биржаи Шанхай мусоидат намуданд. Аввалин нишонаҳои беҳбудӣ ба андозаи бештар аз 3% баланд шудани индексҳои фондҳои амрикоию аврупоӣ оварда расонид, бозори Русия баъд аз тақвияти рубл ва баланд шудани нархи нефти навъи Brent каме ҷон гирифт.
Дар ин замина, баъди каме қомат рост кардани қурби асъорҳои хориҷии мамлакатҳои шарики тиҷоратии Тоҷикистон устуворшавии қурби бозории пули миллӣ-сомонӣ (+0,7%) низ мушоҳида мешавад.
Дар робита ба ин, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки аз ахбору гузоришҳои бе таҳлил ва ҳангомасоз, ки вақтҳои охир дар расонаҳои даврӣ нашр мешаванд, ба таҳлуқа дода нашаванд, зеро ҳамарӯза вазъияти бозор, талабот ва таъмини он ба пули миллию асъори хориҷӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.
Хадамоти матбуоти
БМТ
Диданд: 1898
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ