Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,7%
  • 9,9%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал), млрд. сомонӣ
    23,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 05 феврали с.2021)11,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (Феврал)10,57
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-феврал)
    9,42
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-феврал)
    24,21
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-феврал)
    12,50
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    21,97
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,48




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 19.03.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3250.23 3327.85
10 6413.48 6566.65
20 12680.87 12983.71
50 31463.97 32215.39
100 62763.18 64262.07

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 31 1 2 3 4
  • Яндекс.Метрика

Мукаммалсозии бахши омори берунӣ баррасӣ гардид

28.08.2015

Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш. Қайроқуми вилояти Суғд 24-28 августи соли равон марҳилаи дуюми семинари омӯзишии байналмилалӣ дар мавзӯи “Мукаммалсозии бахши омори берунӣ”, ки бо ибтикори Хазинаи байналмилалии асъор ва дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария ташкил шудааст, баргузор гардид.

Дар семинар мутахассисони Вазоратҳои молия, Агентии омор ва Бонкҳои миллии Озорбойҷон, Гурҷистон, Қирғизистон, Молдова ва Тоҷикистон даъват ва ширкат варзиданд.

Семинари байналмилалӣ бо суханони ифтитоҳии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ба кори худ шурӯъ намуд.

Тавре дар рафти ҷамъомади мазкур маълум гардид, ҳадаф аз баргузории семинар, баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба сифати омор, тартиб додани тавозуни пардохт ва мавқеи сармоягузории байналмилалӣ ба шумор меравад.

Хазинаи байналмилалии асъор ба иштирокдорони семинари мазкур имкон фароҳам овард, то ки онҳо оид ба дастовардҳои худ дар бахши такмилсозии бахши омори берунӣ бо муаррифиҳои хеш баромад намоянд.

Мутахассисони Тоҷикистон низ дар навбати худ бо истифода аз имконияти бадастомада дар назди ҳозирин оид ба комёбиҳои хеш дар ин самт ба таври муфассал суханронӣ карданд.

Намояндаи Хазинаи байналмилалии асъор дар қисмати натиҷагирии кори семинар ба фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди мукаммал намудани бахши омори берунӣ ва иҷрои вазифаҳо баҳои мусбат дода, ҳамзамон иброз намуд, ки ин натиҷаҳо ба таври оҷилӣ ва босифат иҷро гардидаанд.

Қобили қайд аст, ки аз ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор ҳамчунин барои идомаи кор ҷиҳати мукаммал намудани бахши омори берунӣ, ки дорои аҳамияти махсус мебошад ва дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ зарур аст, тавсияҳо дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи якуми семинари омӯзишии байналмилалӣ ҷанде пеш дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуда буд.

Дар назар аст, ки марҳилаи сеюми семинари номбурда бо ширкати васеи иштирокдорон аз мамолики дунё дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ




Диданд: 1700

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ