Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи март
    1,8%
  • 10,1%
  • Пулҳои захиравӣ (март), млрд. сомонӣ
    23,0
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 28 апрели с.2021)12,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (март)10,39
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-март)
    9,59
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-март)
    23,94
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-март)
    12,26
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (март)
    22,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (март)
    20,85




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 06.05.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3332.01 3411.59
10 6577.06 6734.13
20 13008.02 13318.68
50 32281.85 33052.80
100 64398.94 65936.90

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31 1 2 3 4 5 6
  • Яндекс.Метрика

Меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ паст карда шуд

11.09.2015

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ ҷиҳати дастгирии соҳаҳои воқейи иқтисодиёт меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, барои пасандозҳо бо пули миллӣ 0,5 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1,0 банди фоизӣ паст карда, мутаносибан дар сатҳи 1,5 фоиз ва 7,0 фоизи солона муқаррар намуд.

Дар қарор омадааст, ки меъёри захираҳои ҳатмӣ танҳо ба ташкилотҳои қарзие паст карда мешавад, ки меъёрҳои мақбули муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистонро риоя менамоянд.

Мувофиқи санади мазкур маблағҳои аз ҳисоби паст гардидани меъёри захираҳои ҳатмӣ бадастомада аз ҷониби ташкилотҳои қарзие, ки аз Бонки миллии Тоҷикистон барои пардохтпазириашон қарзҳои кутоҳмуддат гирифтаанд, бояд барои пардохти қарзҳояшон истифода баранд.

Дар баробари ин, ташкилотҳои қарзӣ уҳдадор карда шудаанд, ки маблағҳои аз ҳисоби паст шудани захираҳои ҳатмӣ бадастомадаро ҳамчун қарз ба соҳаҳои воқейи иқтисодиёти кишвар пешниҳод намоянд.

Мутобиқи Қарори номбурда тамоми ҳисоббаробаркуниҳо дар низоми бонкӣ вобаста ба захираҳои ҳатмӣ аз таърихи 1 октябри соли 2015 тибқи санади мазкур амалӣ карда машаванд.

Бо қарори дигари Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва молиявии кишвар фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, ба андозаи 1,17 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 17,5 фоизи солона муқаррар гардид.

Қайд кардан зарур аст, ки дар шароити феълӣ паст кардани меъёри фоизи қарзҳо барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ саривақтӣ буда, барои дастгирии низоми бонкӣ, махсусан бахши хусусӣ мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Диданд: 6273

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ