Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи август
    - 1,2%
  • 6,5%
  • Пулҳои захиравӣ (август), млрд. сомонӣ
    34,3
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 22 августи с.2022)13,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (Август)12,16
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-август)
    10,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-август)
    23,91
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-август)
    23,86
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (август)
    19,97
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (август)
    17,76




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 30.09.2022

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи фуруш,
сомонӣ
Нархи бозхарид,
сомонӣ
5 2869.85 2813.02
10 5650.80 5538.90
20 11152.28 10931.45
50 27637.26 27089.98
100 55106.12 54014.91

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Сентябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 1 2
  • Яндекс.Метрика

Мулоқот бо ҷаноби Масару Хонма

13.10.2015

Имрӯз, 13 октябри соли равон муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, мудири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ҷаноби Нуралиев Ҷ.К., бо Директори Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба кишварҳои Осиёи марказӣ ҷаноби Масару Хонма, ки рӯзи гузашта барои иштирок дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе – 2015 “Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор” ба ҷумҳурии мо ташриф овардаааст, мулоқоти корӣ анҷом дод. Дар мулоқот ҳамчунин роҳбари Намояндагии доимии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Ричард Джонс иштирок намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ва суҳбати ҷолибу судманд ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои рушди бахши молиявии ҷумҳурӣ, аз он ҷумла мушкилоти ҷорӣ ва имкониятҳои мавҷуда, ҳамчунин стратегияи Бонки миллии Тоҷикстон оид ба таҳкими бонк мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

vohuri___.jpg

Ҷаноби Масару Хонма дар оғози мулоқот ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич дар самти инкишофи муносибатҳои дуҷонибаи судманд бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд миннатдории хешро баён намуд. Номбурда дар идомаи суханронии худ иброз дошт, ки зарур медонад як хабари хушро ба аҳли нишаст бирасонад. Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд то охири соли равон ҳаҷми сармоягузории худро дар Тоҷикистон то 200 млн. долл. ИМА мерасонад, ҳол он ки солҳои пеш ин нишондиҳанда танҳо атрофи аз 20 то 40 млн. долл. ИМА-ро ташкил медод. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки фаъолияти бонки мо дар Тоҷикистон хеле ҷоннок шуда истодааст, гуфт ҷаноби Масару Хонма. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар ихтиёри худ захираҳои зиёди молиявии озод дорад ва омодааст бо тамоми бонкҳои ҷумҳурӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монад, онҳоро дастгирӣ намояд.

vohuri___1.jpg

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷаноби Нуралиев Ҷ.К., зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки бахши бонкӣ яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, бинобар ин, мо, тими нави бонк вазифадорем тамоми чораю воситаҳоро андешем, то ки имсол ва соли оянда аксари соҳаҳои иқисодиёт рушд намоянд. Номбурда изҳор дошт, ки имсол дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ то 18 млрд. сомонӣ, уҳдадориҳои онҳо то 15 млрд. сомонӣ, пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо то 8,5 млрд сомонӣ зиёд шуданд, сатҳи таваррум дар нуҳ моҳи соли равон ҳамагӣ 3,6 фоизро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта хело паст аст. Мо аз сатҳи ҳамкориҳои Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд бо соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, дастгирии он қаноатмандем, фақат пешниҳод дорем, ки бонки номбурда дар ояндаи наздик ҳамчунин бо бахши бонкӣ ҳамкории дуҷонибаи судмандро ба роҳ монад.

Дар идомаи суҳбат меҳмонон таъкид намуданд, ки роҳбарияти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд аллакай тасмим гирифтааст ва моҳи оянда як ҳайати нави намояндагии бонк барои музокирот ба Душанбе меояд ва масъалаи пешниҳоди кӯмаки техникӣ ва қарзро ба бахши бонкӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Диданд: 9438

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ