Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Намояндагони ширкати Томсон Рейтерс маҳсулотҳои худро муаррифӣ намуданд

28.10.2015

Дирӯз, 27 октябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони сершумори ташкилотҳои қарзӣ муаррифии барномаҳо ва маҳсулотҳои яке ширкатҳои машҳури ҷаҳон Томсон Рейтерс оид ба ҷорӣ намудани майдони ягонаи савдо барои гузаронидани амалиётҳои пуливу қарзии Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, мукаммал сохтани воситаҳои пулӣ, савдои коғазҳои қимматнок, анҷомдиҳии амалиётҳои асъорӣ ва назорати он дар бозори байнибонкӣ багузор гардид. 

jalasa_002.jpg

Хотиррасон менамоем, ки дар даҳаи дуюми моҳи августи соли равон чунин як вохӯрӣ бо намояндагони ширкатҳои Блумберг ва Томсон Рейтерс баргузор гардида буд ва баъди баррасии пешниҳоди маҳсулотҳои ширкатҳои зикршуда намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар бо назардошти нархи мувофиқ доштани пардохти ҳаққи хизматрасонии терминалҳо ба тарафдории маҳсулотҳои ширкати Томсон Рейтерс ва ҳамчун платформаи ягона барои низоми электронии савдо интихоб кардани он овоз дода буданд. 

jalasa_005.jpg

Дар давоми беш аз ду моҳи гузашта аксарияти ташкилотҳои қарзии мамлакат бо ширкати Томсон Рейтерс ҳамкориро ба роҳ монда, шартномаи заруриро ба имзо расониданд. Дар чорабинии имрӯза мутахассисони варзидаи ташкили платформаи ягона барои низоми электронии савдо таҳти сарварии Роҳбар оид ба рушди фаъолияти ширкати Томсон Рейтерс дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил Александр Аухариев дар назди ҷамъомадагон дар бораи тарзу роҳҳои ҷойгир намудан ва танзими барномаҳои зарурӣ, усулҳои гузаронидани савдои асъорию мубодилавӣ, шарҳи низоми музоядавӣ ва анҷом додани музоядаи санҷишӣ ва ҳамҷунин намоиш додани раванди тағйирёбии қурбҳо ба иштирокдорони бозор ба таври мукаммалу муфассал суханронӣ намуда, амалияи иҷро намудани онҳоро нишон доданд. 

jalasa_001.jpg

Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар бахшҳои саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор ба дархостҳои худ дар мавриди дастрасӣ ба платформаи ягонаи савдои электронӣ дар дохили кишвар ва дар бозорҳои байналхалқӣ, иҷрои талабот барои бе мушкилот истифода бурдани маҳсулоту терминалҳои иттилоотии “Eikon”, “Thomson Reuters messenger”, “Thomson Reuters FX Trading”, баҳравар шудан аз хизматрасонии Хадамоти дастгирии техникии ширкат дар шаҳрҳои Москва ва Алмаато ва дигар паҳлӯҳои нозукӣ фаъолият дар майдони ягонаи савдои электронии асъор ҷавобҳои саҳеҳ ва маълумоти муфассал гирифтанд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Диданд: 5195

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ