Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи декабр
    0,2%
  • 4,2%
  • Пулҳои захиравӣ (декабр), млрд. сомонӣ
    38,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 ноябри с.2022)13,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (декабр)11,49%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-декабр)
    10,43 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-декабр)
    23,34 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-декабр)
    16,15 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (декабр)
    19,97 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (декабр)
    17,57 %




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 03.02.2023

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3342.61 3410.14
10 6598.10 6731.39
20 13049.84 13313.47
50 32385.96 33040.23
100 64606.86 65912.05

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Феврал      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Шуъба - ҳимоятгари ҳуқуқҳои муштариёни хизматрасониҳои низоми бонкӣ

30.10.2015

Ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар радифи проблемаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои низоми бонкӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна, аз ҷумлаи масъалаҳои авалиндараҷаи ҳалталаби имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ вазъи маърифатнокии молиявӣ ва сатҳи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар ҷумҳуриро ҳамаҷониба омӯхта ва таҳлил намуд. Таҳлилҳои ин ташкилоти молиявии байналхалқӣ нишон доданд, ки сатҳи пасти маърифатнокии молиявии аҳолӣ ва мавҷуд набудани сохтори махсус барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ аз омилҳое ба шумор мераванд, ки метавонанд ба рушди минбаъдаи низоми бонкӣ монеа эҷод намояд.

Бо назардошти омилҳои зикршуда ва бо мақсади баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва ҳал намудани баҳсҳо байни тарафҳо (ташкилотҳои қарзӣ ва муштариён) дар замина ва омӯхтани таҷрибаи давлатҳои пешрафта бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” иловаҳо ворид ва аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июли соли 2014, №1547 қабул карда шуданд.

Илова бар ин, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонки 1 сентябри соли ҷорӣ дар сохтори Бонки миллии Тоҷикистон воҳиди нави мустақил - Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ ба фаъолият шуруъ намуд.

Дар робита ба ин, ба маълумоти истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ расонида мешавад, ки дар мавриди дучор омадан бо камбудию нуқсонҳо ҳангоми истифода аз ин ё он хизматрасониҳои бонкӣ, метавонанд арзу шикоятҳои худро ба шуъбаи мазкури Бонки миллии Тоҷикистон аз тариқи почтаи электронии махсус, ки дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон таҳти унвони allomushtari@nbt.tj кушода шудааст, ирсол намоянд. Мутахассисони Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона хоҳад кард, ки дархост ва арзу шикоятҳои муштариёни низоми бонкӣ тибқи талаботҳои қонунгузорӣ мунсифона ҳаллу фасл шаванд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Диданд: 5180

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ