- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
- Таваррум дар моҳи декабр0,2%
- 4,2%
- Пулҳои захиравӣ (декабр), млрд. сомонӣ38,4
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 06 феврали с.2023)11,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (декабр)11,49%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2022
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-декабр)10,43 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-декабр)23,34 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-декабр)16,15 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (декабр)19,97 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (декабр)17,57 %
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 08.02.2023 1 USD 10.3357 1 EUR 11.0582 1 RUB 0.1450
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2021
- Соли молиявии 2020
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Фаъолияти ҳафт ташкилоти қарзии хурд қатъ карда шуд
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва бинобар иҷро накардани талаботи Дастурамали №197 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд”оид ба таъмини андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеӣ, бо қарорҳои навбатии худ аз 13 ноябри соли равон фаъолияти ҶДММ ТҚХ “Хубҷамъ”, ҶДММ ТҚХ “Хазинаи Сомониён”, ҶДММ ТҚХ “Саодат сармоя”, ҶДММ ТҚХ “Кайёниён”, ҶДММ ТҚХ “Дӯстком”, ҶСП ТАҚХ “Дафтари молиявӣ” ва ҶСП ТҚХ “Барҳақ”-ро бо дархости онҳо оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ қатъ гардонид.
Дар робита ба ин, қайд кардан бамаврид аст, ки сатҳи миёнаравии молиявии ташкилотҳои зикршуда тайи чанд соли охир дар бозори молиявии ҷумҳурӣ коҳиш ёфта буд.
Мутобиқи қарорҳои боло иҷозатномаҳои ин ташкилотҳои қарзии хурд, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудаанд, бозхонд карда мешаванд.
Ба замми ин, мақомоти ваколатдори ташкилотҳои қарзии хурди зикршуда вазифадор карда шуданд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳанд. Комиссияҳои барҳамдиҳӣ уҳдадор гардидаанд, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намоянд.
Хадамоти матбуоти
БМТ
Диданд: 4554
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ