Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Семинар бо ҳайати Бонки рушди Осиё

04.12.2015

Аз 30 ноябр то 9 декабри соли ҷорӣ ҳайати Бонки рушди Осиё дар доираи лоиҳаи ёрии техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) дар Душанбе қарор дорад.

Дар доираи бахши ёрии техникии номбурдаи Баҳодиҳии хавфи миллӣ 3 декабри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон семинари Гуруҳи корӣ оид ба гузаронидани Баҳодиҳии хавфи миллии назди Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баргузор гардид.

semin_1.jpg

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷ.К., оғоз намуда, иброз дошт, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самти як қатор корҳои назаррас, аз ҷумла ба роҳ мондани низоми самараноки амалкунанда ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти низомро ба роҳ мемонанд, таҳия ва қабул гардиданд.

Ҷамолиддин Нуралиев дар идомаи суханронии хеш инчунин қайд намуданд, ки барпо кардани низоми устувори МҚД/МТ пеш аз ҳама барои бартараф намудани хавфҳои амнияти миллӣ, баланд ва ҷолиб намудани фазои сармоягузории молиявӣ ва ғайра мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷараёни семинар таъкид карда шуд, ки роҳҳои ошкор кардан, баҳодиҳии дуруст ва фаҳмиши хавфҳои қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ҷузъи муҳими инкишофи низоми МҚД/МТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

semin_2.jpg

Қобили қайд аст, ки гузаронидани Баҳодиҳии хавфи миллӣ яке аз талаботҳои асосии тавсияҳои нави Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) ба ҳисоб меравад.

Тибқи нақша семинар бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ тайи ду рӯз давом ёфта, иштирокдорони он масъалаҳои муҳими бахши инкишофи низоми МҚД/МТ-ро баррасӣ менамоянд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Диданд: 1962

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ