Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи июн
    -1,1%
  • 8,4%
  • Пулҳои захиравӣ (июн), млрд. сомонӣ
    18,8
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (июн)11,19
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-май)
    11,1
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-май)
    23,8
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-май)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (май)
    21,37
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-май)
    20,0




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 15.07.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3079.71 3153.26
10 6072.44 6217.46
20 11998.79 12285.35
50 29758.79 30469.48
100 59352.81 60770.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Масъалаи ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №177 муҳокима гардид

23.12.2015

Дар доираи Барномаи дастгирии буҷет, андешидани чораҳо дар самти солимгардонии бонкҳо масъалаи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали 177 “Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо” ва Тартиби татбиқи ҷораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ ба ташкилотҳои қарзӣ имрӯз, 23 декабри соли ҷорӣ дар вохӯрии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо роҳбарон ва сардорони сохторҳои марбутаи қарздиҳии бонкҳои ҷумҳурӣ баррасӣ гардид. 


Дар ҷаласа ҳамчунин намояндаи Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Дамодаран Кришнамуртӣ иштирок намуд ва бо муаррифии муфассал оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №177 дар назди роҳбарон ва мутахассисони бонкҳои кишвар баромад кард. Тавре намояндаи Бонки ҷаҳонӣ зимни пешниҳоди муаррифии худ иброз дошт, тағйиру иловаҳои номбурда асосан тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти хусусиятҳои миллии низоми бонкӣ таҳия шуда, барои беҳтар ба роҳ мондани шаклу усулҳои қарздиҳӣ, ташкил ва истифодаи дурусти захираҳо, фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо равона гардидаанд. 


Дар ҷараёни муҳокимаи баъзе бандҳои лоиҳаи тағйиру иловаҳо, аз ҷумла оид ба гуруҳбандӣ ва таснифоти намудҳои қарзҳо, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда миёни иштирокдорони ҷаласа ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ саволу ҷавоб баргузор гардид ва ҷонибҳои фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Диданд: 4097

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ