Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи ноябр
    0,6%
  • 7,5%
  • Пулҳои захиравӣ (ноябр), млрд сомонӣ
    18,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Ноябр)12,96
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 13.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.32 2459.69
10 4717.66 4830.33
20 9289.23 9511.07
50 22984.87 23533.79
100 45804.97 46898.88

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Масъалагузорӣ бояд асоснок бошад

29.12.2015

Ҷавоб ба мақолаи Иззатбек Идизода, Усмон Раҳимзода, таҳти унвони “Бонки миллӣ ҷилави аспи асъорҷаллобонро сар дод”, ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, 17.12.2015, №50 (1144)

Сараввал рӯ меорем ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва касбии рӯзноманигорон, ки дар фаъолияти ҳамарӯза барояшон ҳамчун раҳнамо хизмат менамоянд. Масалан, дар моддаи дуюми “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”, дар бораи сареҳияти ахбор, дар баробари он ки ба ВАО ва журналистон риояи тавозуни назарҳо бидуни таҳриф ва ғараз тавсия дода шудааст, боз гуфта мешавад, ки “Сарлавҳа ва акс бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунанд”.
Банди дуюми моддаи 6 Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” низ, ҳангоми роҳ додан ба сӯиистифода аз озодии сухан ва нодурустии ахбори паҳншаванда, ба ҷавобгарӣ кашидан ишора мекунад. Вале ба назар чунин менамояд, ки бархе аз рӯзноманигорон бехабар аз Кодексу қонунҳои касбии хеш дар масъалаҳои иқтисодӣ масъалагузорӣ карданӣ мешаванд.
Дар атрофи моддаҳои дигари кодекси ахлоқу қонуни журналистон, масъулияти иҷрои онҳо бештар аз ин ҳарфе гуфтанӣ нестем. Шояд дар ин бора аз мо дида роҳбарону масъулини нашрияҳо ба кормандонашон дарси одоби эҷод ва маҳорати журналистиро беҳтар ба роҳ монанд. Аммо сари мавзуи бардошташуда маълумоте чанд манзури хонандагони закӣ мегардонем.
Бо таваҷҷуҳ ва андешаи начандон амиқ ба хубӣ, метавон дарк кард, ки соли 2015 иқтисодиёти аксар кишварҳои олам ва ҳатто давлатҳои рушдкардаи Аврупою Осиё низ дар муқобили лаппишҳои доллари ИМА муқовимат карда натавонистанд ва қурби асъори миллиашон ба андозаҳои гуногун коҳиш ёфтанд. Зеро ноустувории нарху наво (бахусус нархи нафт) дар бозорҳои ҷаҳонии ашё, хавфҳои молиявӣ ва низоъҳои геосиёсӣ дар соли ҷорӣ, ба суръати рушди иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон таъсири амиқ гузошт. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва молиявии ин давлатҳо тайи якуним соли гузашта аз ноустуворӣ ва тағирёбии иқтисодиёти онҳо дарак медиҳад. Табиист, ки буҳрони идомадори сиёсӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ таъсири манфии худро аз тариқи давлатҳо–шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ба вазъи иқтисодиёти ҷумҳурии мо, алалхусус ба бозори асъор, низ расонид.
Тибқи таҳлилҳои охир, аз оғози сол то нимаи моҳи декабри соли равон қурби расмии сомонӣ аз 5,3074 сомонӣ то ба 6,9212 сомонӣ барои 1 доллари ИМА ё 30 фоиз коҳиш ёфтааст. Қурби бозории доллари нақди ИМА бошад, аз 5,47 сомонӣ то ба 7,45 сомонӣ барои 1 доллари нақди ИМА, ё 37,1 фоиз баланд шудааст. Пӯшида нест, ки ин раванд ба вазъи иҷтимоии шаҳрвандони кишвар бетаъсир намемонад ва дар атрофи ин масъала вақтҳои ахир андешаҳои гуногуни муаллифон дар саҳифаҳои бархе аз нашрияҳо низ ба чоп мерасанд.
Албатта, ошкорбаёнӣ, фошгӯӣ ва изҳори бемамонияти ақидаву андеша нишонаи ҷомеаи озодандешу демократӣ ва субботи сиёсидошта мебошад ва хушбахтона, ин имкониятро имрӯз Сарқонун ва Ҳукумати кишвар барои мо фароҳам овардааст. Аммо сӯистифода бурдан аз озодӣ ва бо истифода аз имконоти дар ихтиёрдошта, ваҳиму аз будаш зиёд баён намудани вазъияту ҳолати аслии кор нишони хирадмандӣ ва ба манфиати давлату миллат нест. Бинобар ин, саросемавор ё ноогоҳона дар Воситаҳои ахбори омма суолгузорӣ намудан, ки “ваъдаҳои Бонки миллӣ куҷо шуд?”, “Бар ивази нуқтаҳои мубодилаи асъор БМТ чӣ мехоҳад?”, “Назорати бозори асъор ба дӯши кист?” баёнгари вазъи воқеии ҳолати кор набуда, аз беиттилоии рӯзноманигорон ва ё ба таври зарурӣ дарк накардани мавзуъ дарак медиҳад.
Мақолаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” таҳти унвони “Бонки миллӣ ҷилави аспи асъорҷаллобонро сар дод” дар назари аввал гӯё маводи таҳлилӣ аст, вале баъди мутолиаи он пай бурдан душвор нест, ки мавод эҳтимол ғаразнок ва ҳадафмандона навишта шудааст. Шикваҳои муаллифон ба амалҳои баъзе аз кормандони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, БДА “Амонатбонк”, ҶСК “Эсхата”, ҶСП “Фононбонк” дахл дошта бошад ҳам, Бонки миллиро дар ин ҳама камбудиҳо сабабгор медонанд. Ҳол он ки БМТ дар ин самт корро пурзӯр намуда, баръакси навиштаҳои мақолаи мазкур, танҳо дар якуним моҳи гузашта чандин бонку ташкилотҳои қарзии хурдро ҷаримаҳои калон кардааст.
Дар мавриди ба андешаи муаллифон “баста шудани нуқтаҳои асъор ва бар ивазаш як чизи солим ва фарогир бунёд накардани Бонки миллӣ” бояд гуфт, ки Бонки миллии Тоҷикистон соли ҷорӣ, бо назардошти нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо барои таъмини фаъолияти муназзами бозори дохилии асъор ва суботи низоми молиявии кишвар, таъмини муътадиливу қобилияти харидории пули миллӣ, суботи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии муътадили қурб як зумра чораҳои заруриро амалӣ намудааст.
Бояд қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон то ин вақт барои бастани нуқтаҳои мубодилаи асъор ягон дастурро барои иҷро ба ташкилотҳои қарзӣ ирсол накардааст. Ташкилотҳои қарзӣ дар навбати худ барои ҷарима нашудан, пеш аз муҳлати муқарраршудаи гузариш ба низоми нави анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ, ки бояд тибқи Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” то охири сол ҷорӣ барпо карда мешуд, дар 1 рӯз фаъолияти тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъори худро ба якборагӣ қатъ кардаанд.
Бо мақсади ҷорӣ кардани тартиби нави анҷомдиҳии амалиётҳои мубодилавӣ дар давраи гузариш то охири соли ҷорӣ фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор қатъ гардида, минбаъд амалиёти мубодилавӣ бевосита дар худи ташкилотҳои қарзӣ, дар хазинаҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиал ва саридораи бонк (муваққатан дар нуқтаҳои интиқоли пул) анҷом дода мешаванд. Бонки миллии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки амалиётҳои мубодилаи асъорро бо истифода аз як низоми дуруст ва шаффоф, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад, ба роҳ монад. Дар бораи анҷом додани амалиётҳои мубодилаи асъор танҳо тавассути ташкилотҳои қарзӣ (филиалҳо, нуқтаҳои интиқоли маблағҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкҳо), пайваст кардани низоми амалиётии ташкилотҳои қарзӣ ба низоми дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон хабару изҳоротҳо мунтазам дар расонаҳои даврии кишвар ва сомонаи расмии БМТ нашр шуда, дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ таҳия ва қабул гаштаанд. Роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шуданд, ки дар бозорҳои калон, фурӯшгоҳҳои бузург ва ҷойҳои серодами ҷумҳурӣ барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба анҷом додани амалиётҳои мубодилавии асъор марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағҳои иловагӣ ифтитоҳ намуда, реҷаи кории онҳоро тағйир дода, фаъолияташонро дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе таъмин намоянд.
Ҳамчунин, бо мақсади пурзӯр кардани ҷавобгарии шахсони воқеӣ барои ғайриқонунӣ анҷом додани амалиётҳои мубодилавӣ ва истифодаи асъори хориҷӣ тағйироту иловаҳо ба кодексҳои маъмурӣ ва ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
Илова бар ин, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо дар қисми таъмини назорат ва санҷиши баҳисобгирии амалиёти бозории асъор, дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам чорабиниҳои дахлдор гузаронида истодааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки тағйирёбӣ ё коҳиши босуръати пулҳои миллӣ нисбати доллари ИМА дар соли 2015 хоси танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон нест. Бо вуҷуди доштани иқтисодиёти бузург ва захираҳои калони тиллоию асъорӣ, пули миллии кишварҳои Русия - 36%, Қазоқистон - 71%, Ӯзбекистон -40 %, Беларус - 51,5%, Қирғизистон – 30%, Озарбойҷон - 33,5%, Туркманистон – 30% ва Чин – 2,9% низ дар нисбати доллари ИМА коҳиш ёфтаанд.
Айни замон Бонкҳои марказии давлатҳои Русия, Қазоқистон ва Озарбойҷон пули милли хешро ба низоми озоди шинокунанда сар додаанд, дар ҷумҳуриҳои Русия, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Беларус бошад, низоми шадиди назоратӣ барои харидории асъори хориҷӣ, алалхусус доллари ИМА ҷорӣ карда шудааст. Ба ибораи дигар гӯем, шаҳрвандон аз бонкҳо танҳо баъди пешниҳоди шиноснома, талон ва ҳаҷми муқарраршуда асъори хориҷӣ харидорӣ карда метавонанд.
Бонки миллии Тоҷикистон талаботи реҷаи қурбии интихобшудаи пули миллӣ - шинокунандаи танзимшавандаро ба роҳ мондааст. Яъне, тибқи дастури БМТ, ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ қурби фуруши доллари нақди ИМА-ро мустақилона, бо назардошти вазъи бозори дохилӣ, дар доираи тартибу қоидаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон (болои қурби расмӣ илова намудан то 1,5 %) муқаррар ва амалӣ менамоянд.
Дар баробари ин, ҳамарӯза вазъи бозори нақд ва фаъолияти муассисаҳои бонкии ба хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ машғулбуда, назорат шуда, дар ҳолати ошкор шудани ҳаннотӣ ва ё беасос баланд кардани қурб аз ҷониби БМТ чораҳои қатъии огоҳӣ ва таъсиррасонӣ андешида мешаванд. Айни ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи вусъат бахшидан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, имрӯз бозори ғайринақдии асъорро пурра бо асъор таъмин кардааст ва муштариёни бонкҳо метавонанд бо осонӣ талаботи асъории худро қонеъ гардонанд.
Ва ниҳоят, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аз аҳли қалам ва эҷоди ҷумҳурӣ даъват менамояд, ки дар ин давраи буҳронӣ аз чопи ахбору гузоришҳои носанҷидаю ҳангомасоз, ки вақтҳои охир дар баъзе расонаҳои даврӣ нашр мешаванд, худдорӣ кунанд. Вазъияти феълии бозор, талабот ва таъмини он ба пули миллию асъори хориҷӣ таҳти таҳлили доимӣ ва назорати қатъии Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ ва дигар мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ қарор дорад ва тамоми чораҳои зарурӣ барои муътадил кардани қурби пули миллӣ андешида шуда истодаанд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Диданд: 5094

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4770 (54.41%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2169 (24.74%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        835 (9.52%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5860 (66.84%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1365 (15.57%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        316 (3.60%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ