Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи май
    0,5%
  • 10,0%
  • Пулҳои захиравӣ (май), млрд. сомонӣ
    18,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (май)11,55
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-май)
    11,1
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-май)
    23,8
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-май)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (май)
    21,37
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-май)
    20,0




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 10.07.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3102.96 3177.06
10 6118.95 6265.08
20 12091.80 12380.58
50 29991.31 30707.56
100 59817.86 61246.41

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Талу теппаҳои Варзоб зебою сарсабз мегарданд

29.02.2016

Ҳавои гарму рӯзҳои офтобии имсола барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои ободонию кабудизоркунии муҳити зист шароити мусоид фароҳам оварданд. Маҳз бо мақсади таъмини боду ҳавои тоза ва аз ҷиҳати экологӣ беолоиши мавзеъҳои истироҳатию сайёҳии кишвар, кабудизоркуниву сарсабз гардонидани муҳити атроф ва дастгирии ташаббуси наҷиби Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар заминҳои ҳудуди Маркази таълимии бонк ва теппаву пуштаҳои он, ки дар мавзеи Пуғуси дараи зебоманзари Варзоб ҷойгир мебошанд, дар мавсими ниҳолшинонии имсола 9300 адад ниҳолҳои ҳамешасабзи сузанбарг,ороишиву сояафкан шинонида шуданд. Қисмати зиёди корҳои ободкорию ниҳолшинонӣ дар натиҷаи кӯшишу заҳматҳои дастаҷаъмонаи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳашар-шанбегиҳо иҷро гардидаанд.

subotnik1.JPG

Аз ҷумла, рӯзҳои шанбе-якшанбеи ҳафта гузашта дар ҳашари ниҳолшинонӣ бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва зиёда аз 150 нафар кормандони бонк дар ҳудуди заминҳои Маркази таълимии “Пуғус” 1000 адад ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, арчаву сӯзанбарг ва сановбару коҷ шинонида шуданд. Кор дар самти гулу гулзор кардани гирду атрофи биноҳои маъмурии бонк идома дорад. Ба нақша гирифта шудааст, ки то охири мавсими ободонию кабудизоркунии имсола зиёда аз 12 ҳазор адад ниҳолҳои ҳамешасабзи ороишию сояфкан шинонида мешаванд. Ба ҳамин монанд корҳои ободонию сарсабзнамоии муҳити гирду атроф дар ҳамаи филиалҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳру вилоятҳои кишвар идома доранд.

subotnik2.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ҷараёни корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ аз таъкидҳои Сарвари давлат ёдовар шуда, қайд намуд, ки дӯстдорони табиати зебо аз ҳар як рӯзи ҳавои мусоид бояд пурсамар истифода бурда, дар кабудизорсозии муҳити кору зист ва ободу зебо намудани ҳар ваҷаби хоки сарзамини зархези Тоҷикистони азиз бояд саҳмгузор бошанд.

subotnik3.JPG

Бо назардошти он ки дар заминҳои кӯҳистон сабзонидани ниҳолҳо маҳорату ғамхории махсусро талаб мекунад, пас аз маъракаи ниҳолшинонӣ ба масъулини Маркази таълимии “Пуғус"супориш дода шуд, ки барои нигоҳубин, сари вақт обмонии дарахтон мавҷуда ва навниҳолҳо тадбирҳо лозимӣ андешанд.

subotnik4.JPG

Қобили қайд аст, ки заҳматҳои имрӯзаи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо гузашти вақт, қомат афрохтани ниҳолҳои дарахтони нодиру хушнамо ва сояафкану ороишӣ дар ин ҷойи хушбоду ҳаво, дараи Варзобро ба як мавзеи хеле зебою диданӣ ва дилнишин табдил табдил хоҳад дод.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Диданд: 4244

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ