Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 06.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.16 2459.53
10 4717.35 4830.01
20 9288.61 9510.44
50 22983.33 23532.21
100 45801.90 46895.73

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Семинари омӯзишӣ: Баҳодиҳии хавфҳои марбут ба хизматрасониҳои дастраси молиявӣ

17.03.2016

Имрӯз, 17 марти соли равон бо иштироки муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва мутахассиси калони Бонки ҷаҳонӣ оид ба бахши молиявӣ Клаудио Стролиго барои намояндагони мақомоти назоратии кишвар, иштирокчиёни бозори молиявӣ, аз он ҷумла масъулини бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид. 

Muovin-1.jpg

Дар оғози вохӯрӣ Ҷамолиддин Нуралиев дар назди ҳозирин баромад намуда, изҳор дошт, ки чорабинии имрӯза ба “Баҳодиҳии хавфи қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳо ва маблағгузории терроризм, вусъат додани дастрасӣ ба хизматрасонӣ ва маҳсулотҳои молиявӣ”, ки бо ташаббуси Бонки ҷаҳонӣ дар доираи кӯмаки техникӣ, баргузор гардидааст, бахшида шудааст.

Номбурда изҳори умедворӣ намуд, ки семинари мазкур барои тақвияти ҳамкориҳои муштарак байни мақомоти давлатӣ ва намояндагони бахши хусусӣ бо мақсади муттаҳид намудани кушишҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва амалҳои муштарак дар ҷодаи идораи самараноки хавфҳои марбут ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳо ва маблағгузории терроризм мусоидат хоҳад кард. 

Seminar-2.jpg

Дар ҷараёни семинари омӯзишӣ мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ оид ба бахши молиявӣ ба аҳли нишаст сохтор, хусусият ва функсияҳои “Фишанги баҳодиҳии хавфҳо дар сатҳи миллӣ оид ба васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ”-ро ки аз ҷониби Бонки ҷаҳони таҳия шудааст, бо тарзу усули соддаю фаҳмо пешниҳод намуданд. 

Seminar-3.jpg

Зимни мулоқот ва мубодилаи афкори озод иштирокдорони семинар изҳор доштанд, ки гузаронидани баҳодиҳии хавфҳои молиявии дастрас дар сатҳи миллӣ имкон медиҳад, ки на танҳо хавфҳои марбут ба дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ дар Тоҷикистон ошкор гарданд, балки ҳамчунин ба рушд ва таҳияи маҳсулотҳои нави дастраси бозори молиявӣ мусоидат намояд.

Тавре иштирокдорони вохӯрӣ дар фарҷоми кори семинар иброз доштанд, натиҷаи кори имрӯза тариқи қабул ва андешидани чораҳои дахлдор ба тавсеаи самараноки фарогирии тамоми табақаҳои аҳолӣ бо хизматрасониҳои молиявӣ, ҳамзамон маҳдуд намудани хавфҳои эҳтимолии қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳо, ки бо роҳи ҷиноят ва маблағгузории терроризм ба даст оварда шудаанд мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Диданд: 3799

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4765 (54.94%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2093 (24.13%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        825 (9.51%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5840 (67.34%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1356 (15.63%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        314 (3.62%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ