Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи ноябр
    0,6%
  • 7,5%
  • Пулҳои захиравӣ (ноябр), млрд сомонӣ
    18,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Ноябр)12,96
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 13.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.32 2459.69
10 4717.66 4830.33
20 9289.23 9511.07
50 22984.87 23533.79
100 45804.97 46898.88

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Теъдоди марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул ва нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ 129 адад зиёд гардид

28.03.2016

Қабл аз ҳама иброз менамоем, ки маҳз бо мақсади баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, мутобиқ намудани фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ва тақвияти сиёсати пулию қарзии ҷумҳурӣ, соли гузашта аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар низоми бонкӣ барои дастгирии иқтисодиёти кишвар ва эҷод намудани фазои боварӣ барои аҳолӣ якчанд ислоҳот гузаронида шуданд.

Аз ҷумла, соли 2015 Бонки миллии Тоҷикистон барои ба тартиб ва танзим даровардани фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд, ташкилотҳои амонатгузории қарзии хурд ва фондҳои қарзии хурд се дастурамалро таҳия намуд, ки мутобиқи онҳо ташкилотҳои қарзӣ дар муҳлати муайяншуда, баҳри таъмин намудани рақобатпазирии ташкилоти худ, бояд сармояи оинномавияшонро то меъёри муайяншуда зиёд мекарданд. Дар ин муддат бархе аз ташкилотҳои қарзӣ сармояи оинномавии худро пурра намуданд ва қисмати дигари онҳо бо роҳи муттаҳидшавӣ сармояи оинномавиро ба маблағи муқарраршуда баробар карда истодаанд. Мутаассифона, ҳолатҳое низ вуҷуд доранд, ки қисмате аз ташкилотҳои қарзӣ бинобар сабаби иҷро карда натавонистани муқаррароти дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, ихтиёран фаъолияти ташкилотҳои худро қатъ мекунанд.

Агар ба таҷрибаи бонкдории ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ намоем, аз майдони рақобати тезутунди низоми бонкӣ берун шудани ин ё он бонку ташкилот ва ё фондҳои қарзии хурд ҳодисаи нав нест. Зеро дар шароити иқтисоди бозорӣ дар мамолики гуногуни дунё ҳамарӯза садҳо ва ҳатто ҳазорҳо ширкату созмонҳо ба қонунҳои бозор тоб оварда натавониста, баста мешаванд ва аз эҳтимол дур нест, ба ҷойи онҳо ба ҳамин миқдор корхонаю ташкилотҳои нав низ рӯи кор меоянд.

Барои мисол, дар солҳои 2014-2015 дар қаламрави Русия бо қарори Бонки марказии он фаъолияти зиёда аз 200 адад ташкилотҳои қарзӣ қатъ карда шудааст. Гузашта аз ин, танҳо дар дуюним моҳи соли ҷорӣ боз ҳам дар кишвари Русия аз 26 ташкилоти қарзӣ иҷозатномаҳо барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бозхонд гардидаанд. Чунин ҳолатро дар низоми бонкии дигар ҳамсоякишварҳо низ мушоҳида кардан мумкин аст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон бе сабабу далелҳои қотеъ дар бораи қатъ намудани фаъолияти ягон ташкилоти қарзӣ қарор қабул намекунад. Баръакс вазъи бади молиявӣ ва мутобиқ набудан ба меъёрҳои талаботӣ бархе аз ташкилотҳои қарзиро водор намудааст, ки дар шароити феълӣ фаъолияти худро қатъ намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон тариқи сомонаи расмии худ ҳамарӯза аз навигариву рӯйдодҳо дар низоми бонкии кишвар хабар медиҳад. Аммо ҳафтаҳои охир, ахбори қатъ шудани фаъолияти якчанд ташкилоти қарзӣ дар кишвар дар расонаҳо сару садоҳои гуногунеро ба миён овардааст. Дар робита ба ин, иттилоъ медиҳем, ки то имрӯз дар низоми бонкии кишвар ҳамагӣ аз 16 адад ташкилоти қарзии хурд ва 1 адад фонди қарзии хурд иҷозатномаҳо ва шаҳодатномаи анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дар асоси аризаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ, бозхонд карда шудааст. Барои тақвияти фикр маълумоти бештареро ба хонанда пешниҳод менамоем. Дар 17 ташкилоти номбурда 38 нафар кор мекард ва ҳар яки онҳо ҳамагӣ ду ё се корманд дошт. Бо ин миқдор мутахассис дар як вақт анҷом додани чандин амалиёти бонкӣ имкон надорад. Дар бораи сатҳи баланди хизматрасонӣ ба муштариён хоҷати гап ҳам нест. Зеро баъзе аз ин ташкилотҳо ҳатто суроғаи муайян ва дафтари корӣ надоштанд ё қисме аз онҳо дошта бошанд ҳам дар як шароити барои хизматрасонии молиявӣ номусоид амал мекарданд. Метавон гуфт, ки дар аксарияти онҳо муддатҳои тулонӣ ягон амалиёти бонкӣ гузаронида намешуд, ҳисоботҳои молиявиашонро пешниҳод намекарданд. Саҳми онҳо дар ҳаҷми умумии пешбурди фаъолияти бонкии ташкилотҳои қарзии хурд ҳамагӣ хеле ночиз буд. Вақтҳои охир ин ташкилотҳо барои зиёд намудани сармояи оинномавиашон ҳатто кӯшиш ҳам намекарданд.

Дар тақвияти гуфтаҳои боло қайд кардан зарур аст, ки дар баробари қатъ гардидани фаъолияти бархе аз ташкилотҳои қарзии ба рақобати иқтисоди бозаргонӣ тоб оварда натавониста, айни замон, барои нишон додани фаъолияти хуб ва васеъ шудани имкониятҳои гузаронидани амалиётҳои гуногуни молиявӣ бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 марти соли равон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурд “Алиф-Сармоя” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд.

Ҳамзамон дар низоми бонкии ҷумҳурӣ боз як бонки нав ба фаъолият шуруъ намуд. Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд, ки он барои васеъ намудани доираи амалиётҳои бонкӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ва муосири молиявӣ ва беҳтар кардани вазъияти молиявӣ ва рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар робита ба вазъи бозори дохилии асъор, қурби пули миллӣ иттилоъ медиҳем, ки мутобиқи таҳлилҳои солҳои охир, буҳрони шадиди иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, яке аз омилҳои болоравии қурби асъор дар кишвар ҳаннотии кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳисоб мерафт. Пӯшида нест, ки солҳои гузашта қурби асъор дар нуқтаҳои мубодилаи асъор идоранашаванда шуда, миёни қурби расмӣ ва бозорӣ тафовути калон ба миён меомад ва ин боиси нороҳатӣ ва нигаронии шаҳрвандон мегашт. Ин омил сабаб шуд, ки тибқи ислоҳоти нав нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, иҷрои вазифаи онҳо ба ташкилотҳои қарзӣ дода шуд. Табиист, гузариш ба низоми нав ва амалӣ шудани ҳама гуна ислоҳоту меъёрҳо вақту замонро талаб мекунад. Имрӯз бо ташкил намудани марказҳои хизматрасонии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ вазъият тағйир ёфтааст ва тавре шоҳид ҳастем, дар муқоиса бо беқурбшавие, ки соли гузашта ва моҳи аввали соли равон дида мешуд, ин ҷараён хеле ба танзим даромада, ҳоло қурби расмии БМТ бо қурби бозорӣ баробар шудааст.

Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ ба ҷойи нуқтаҳои мубодилаи асъори басташудаи ташкилотҳои қарзӣ 129 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул ва нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ (ин рақам ниҳоӣ нест ва рӯ ба афзоиш дорад) кушода шудаанд, ки қисмате аз онҳо дар реҷаи шабонарӯзӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Дар маҷмуъ шумораи онҳо имрӯз зиёда аз 4 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Ва ниҳоят, бо боварӣ метавонем изҳор намоем, ки мақсад аз гузаронидани ислоҳоти ҷадиди Бонки миллии Тоҷикистон ба талаботи ҷаҳони муосир ва стандартҳои соҳавӣ мутобиқ намудани низоми бонкии кишвар, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва ба ин васила дастгирии ҳамаҷонибаи иқтисодиёти воқейи ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Диданд: 1948

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4770 (54.40%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2170 (24.75%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        836 (9.53%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5861 (66.84%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1366 (15.58%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        316 (3.60%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ