Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

БМТ: Мулоқот бо аъзои Шӯрои Мудирони БАТР

30.06.2016

Дар машварате, ки имрӯз, 30 июни соли равон муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, мудири Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) аз Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар якҷоягӣ бо муовини якуми Вазири молияи ҷумҳурӣ, мудири алтернативии БАТР Ҷамшед Каримзода бо ҳайати бонуфузи аъзои Шӯрои Мудирони БАТР баргузор намуд, вазъи феълии ҳамкорӣ ва таҳлили фаъолияти бонки номбурда дар кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар мулоқот ҳамчунин муовинони раис, директорони департаменту идораҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

EBRD_1.jpg

Дар ибтидои суҳбат Ҷамолиддин Нуралиев аъзои Шӯрои Мудирони БАТР-ро, ки бо ҳайати бонуфуз ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, бо вазъи феълии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва молиявии ҷумҳурӣ, бахусус фаъолияти низоми бонкӣ ошно намуд. Номбурда иброз дошт, ки «дар ҷараёни буҳрони саросарии ҷаҳонӣ бахши молиявӣ ва бештар аз ҳама бахши бонкӣ халалпазир гаштааст. Дар робита ба ин, баъзе бонкҳои низомсози ҷумҳурӣ ба баъзе мушкилот рӯ ба рӯ шуда истодаанд. Маҳз барои ҳамин моро зарур аст, ки дар баъзе ташкилотҳои қарзӣ ислоҳот гузаронем».

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон махсусан қайд кард, ки мо ба роҳбарият ва мутахассисони БАТР барои ҳамкориҳои судманд, ҷалби сармоя ба иқтисодиёт, барои дастгирӣ ва пешниҳоди кӯмакҳои техникӣ миннатдории худро баён менамоем. Вале имрӯз мо барои амалӣ намудани ислоҳоти нишонрас ба дастгирии амиқ ва назарраси БАТР ниёз дорем. 

EBRD_3.jpg

Дар робита ба ин, Ҷамолиддин Нуралиев мудирони ин бонки машҳури аврупоииро ба ҳамкории зичу самаровар даъват намуда, аз онҳо хоҳиш кард, ки дар ҷаласаҳои навбатии Шӯрои мудирони БАТР пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд. 

- Ба андешаи ман, - гуфт мудири БАТР аз Лаҳистон, Булғория ва Албания Збигниев Хокуба, - ташкилоти мо ва Бонки миллии Тоҷикистон дар ин масъала як мақсад доранд ва ин ҳам бошад, дар якҷоягӣ ҳал намудани он мушкилоте, ки ба миён омадааст. Имрӯз дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди БАТР марбут ба рушд, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инфрасохтор, таҳкими идораи корпоративӣ дар бонкҳо амалӣ шуда истодаанд. Қобили қайд аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди низоми бонкӣ бо идораҳои гуногуни БАТР, ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ ҳамкории зич дорад. Шумо, воқеан ҳам дуруст гуфтед, ки мо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бояд якҷоя амал намоем ва дар ин ҷода аъзои Шӯрои мудирони БАТР кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод. 

EBRD_2.jpg

Дар машварати зикршуда мудирони дигари БАТР низ иброз карданд, ки Тоҷикистон бешубҳа сазовор аст, ки дар ин давраи буҳронӣ ба он кумакӣ иловагӣ пешниҳод карда шавад. 

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ба ҳарду тараф ҷолибу мароқангезро муҳокима намуданд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Диданд: 5412

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ