Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 13.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.32 2459.69
10 4717.66 4830.33
20 9289.23 9511.07
50 22984.87 23533.79
100 45804.97 46898.88

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Вокуниш ба мақолаи “Масъулони муҷмал ва қарорҳои мансух” ҳафтаномаи “СССР”, №42 (423) аз 20.10.2016

03.11.2016

Коҳиш додани ҳаҷми муомилоти пули нақд ва зиёд кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои муосири пардохти электронӣ ҳангоми амалӣ намудани пардохтҳои чакана яке аз ҳадафҳои афзалиятноки бонкҳои марказӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ зарурияти зиёд намудани ҳиссаи муомилоти пулии ғайринақдӣ ва ташкили муомилоти пулии муосир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 31.12.2014, таҳти №815 Қарор “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ”–ро қабул кард.

Тибқи Қарори мазкур муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ва дигар муассисаҳои дахлдор уҳдадор карда мешаванд, ки барои пардохти арзиши молу хизматрасониҳо, хизматрасониҳои коммуналӣ, андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмии ба он баробар қабули кортҳои пардохтии бонкиро аз шаҳрвандон таъмин намоянд. Барои иҷрои ин амал, муассисаҳои зикргардида бояд ба таври ҳатмӣ бо дастгоҳҳои (терминалҳои) электронии қабули корт ҷиҳозонида шаванд.
Шоистаи зикр аст, ки терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар асоси шартнома аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб карда мешаванд. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бошад, барои насб намудани онҳо бояд ба ташкилотҳои қарзие, ки барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкиро анҷом медиҳанд, муроҷиат намоянд.

Мутаассифона раванди насби терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ суст ба роҳ монда шудааст, ки сабаби асосии он ҳавасманд набудани соҳибкорон барои шаффоф гаштани амалиётҳои онҳо ва савияи пасти дониши молиявии аҳолӣ мебошад. Новобаста аз афзоиши назарраси шумораи кортҳои пардохтии бонкӣ, мутаассифона истифодаи онҳо барои пардохти арзиши молу маҳсулот ва кору хизматрасониҳо ночиз боқӣ мондааст, зеро онҳоро аксарияти дорандагони кортҳои пардохтӣ дар навбати аввал ҳамчун воситаи гирифтани пули нақд истифода мебаранд. Ҳолати мазкур зери таъсири омилҳои гуногуни объектививу субъективӣ ва инфрасохториву меъёрӣ ба вуқуъ омадааст.

Айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ташкилоти қарзӣ барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкиро ба роҳ монда, бо Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ”, низомҳои пардохтии байналмилалии VISA, MasterCard, UnionPay ва бо дигар низомҳо ҳамкорӣ намуда истодаанд. Ба санаи 1 октябри соли ҷорӣ ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1 миллиону 607 ҳазор корти пардохти бонкиро ба муомилот бароварданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,2 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин, ба санаи 1 октябри соли ҷорӣ шумораи умумии терминалҳои электронии насбгардида дар кишвар ба 2 320 адад расид, ки аз ин миқдор 627 адад терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ва 1 693 адад терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд мебошанд. Ҳаҷми амалиётҳо бо истифодаи кортҳои пардохтӣ зиёда аз 5 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҷиҳати иҷрои қарори зикргардида, аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, тибқи тағйиру иловаҳо ба моддаи 615 КҲМ ҶТ, барои саркашӣ намудан аз иҷрои уҳдадории таъмини дастгоҳҳои (терминалҳои) электронии қабули кортҳои пардохтии бонкӣ аз шаҳрвандон, нисбат ба муассисаҳои савдою хизматрасонӣ муҷозот муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, «Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо, ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад” (КҲМ ҶТ моддаи 615). Муқаррароти мазкур аз 1-уми январи соли 2017 мавриди амал қарор дода мешавад.
Қайд намудан зарур аст, ки иҷрои қарори мазкур аз мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи андоз пурзӯр намудани назоратро вобаста ба насб кардани терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ талаб менамояд.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои қарори мазкур бо ташкилотҳои қарзӣ мунтазам ҷаласаҳои корӣ баргузор намуда, раванди насб кардани терминалҳои электрониро аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ назорат менамояд.

Тибқи иттилои ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати иҷрои қарори зикргардида, айни замон, барои насб намудан дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ дар анборҳои ташкилотҳои қарзӣ зиёда аз 1100 адад терминалҳои электронӣ (ПОС-терминал) омода мебошад. Аммо бо сабаби набудани дархост аз тарафи муассисаҳои савдою хизматрасонӣ таҷҳизоти мазкур таҳти истифода қарор надоранд.

Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти мунтазами Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ”-ро таъмин намуда, барои иштирокчӣ гардидан ба низоми мазкур ва роҳандозӣ намудани фаъолият дар самти барориш ва хизматрасониҳои кортҳои пардохтӣ ба ташкилотҳои қарзӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Танҳо дар давоми соли 2016 ду ташкилоти қарзӣ (ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ва ҶДММ ТАҚХ “Фардо”) иштирокчии низоми мазкур гардида, барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтиро роҳандозӣ намуданд. Инчунин, дархости ду ташкилоти қарзӣ оид ба иштирокчии низоми пардохт гардидан дар равандӣ баррасӣ қарор дорад. 

Моҳи декабри соли гузашта, бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ ва бартараф кардани амалиёти иловагии мубодилаи асъор ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми пардохтии Visa International, Бонки миллии Тоҷикистон Созишномаи ҳамкориро бо ширкати байналхалқии “Visa International Service Association” ба имзо расонид. Алҳол, тамоми амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми пардохтии “Visa International” дар ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ, яъне бе гузаронидани амалиёти иловагии мубодилаи асъор иҷро гардида истодаанд. Бастани чунин созишнома бо низоми пардохтии Mastercard низ амалӣ шуда истодааст.

Оид ба эроди “Бонкдорӣ 20 сол қафо партофта шуд”

Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки буҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, ки тӯли ду-се соли охир вобаста ба таконҳои берунӣ, аз ҷумла пастравии нархи нафт, лапишҳои қурбӣ ва номуътадилии бахши молиявӣ ҳукмфармо буд, воқеан ба нишондиҳандаҳои устувории молиявии низоми бонкӣ таъсири манфии худро расонид.

Ҳолати мазкур дар афзудани хавфҳои асъорӣ ва қарзӣ зоҳир ёфта, ба имконияти қарзадокунии муштариён, зиёд шудани сатҳи қарзҳои барнагаштаю беэътимод дар бонкҳо ва саривақт аз ҷониби онҳо иҷро нагардидани уҳдадориҳо дар назди амонатгузорон гардида, дар натиҷа ба раванди фаъолияти қарздиҳии онҳо таъсири манфӣ расонид. Зикр намудан ба маврид аст, ки истифодаи хизматрасониҳои бонкӣ аз вазъияти иқтисодию молиявии кишвар ва аҳолӣ вобастагии зиёд дошта, беҳтар шудани вазъи иқтисодию молиявӣ таваҷҷуҳи мардумро ба низоми бонкии кишвар зиёд менамояд. Дар ҳамин ҳол, вазъияти имрӯза ва мушкилиҳо дар иқтисодиёти ҷаҳон аз бисёр ҷиҳат пандомез буда, ҷиҳати устувор намудан ва ба талаботҳои рушди ҷомеаву иқтисод ҷавобгӯ гардонидани низоми бонкию молиявии кишварамон моро зарур аст, тадбирҳое андешем, ки дар оянда чунин ҳолатҳои ногувор сар назананд.

Аз дигар ҷониб, новобаста аз мушкилиҳои молиявию пардохтпазирии дар низоми бонкӣ ҷойдошта, бемуболиға гуфтан мумкин аст, ки маҳз фаъолияти зараровари дохилии худи бонкҳо, аз ҷумла сиёсати бемасъулият ва хавфноки қарзӣ, идоракунии заифи дороиҳову уҳдадориҳо ва сатҳи пасти саводнокии молиявӣ сабаби асосии ҳолати қарордошта арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сандуқи қарзии баъзе аз бонкҳо асосан аз қарзҳои бе гарави ба шахсони вобаста додашуда ташкил ёфта, ҳолатҳои бисёри омехта намудани тиҷорати шахсӣ бо фаъолияти бонкӣ ҷой доранд. Ва эродҳоро оид ба “бемасъулиятии масъулон” ва “70-80% ба таври сунъӣ ва аз ҷониби афроди манфиатдор рӯи кор омадааст” ба самъи роҳбарияти ин бонкҳо тааллуқ дорад, гӯем, хато намекунем.

Айни замон, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ бо ҷалби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ раванди таҳияи механизми комил ва татбиқи чораҳое, ки имконияти пешгирӣ ва бартараф кардани такроршавии таъсири буҳронҳои глобалиро фароҳам меорад, идома дорад. 

Бо мақсади солимгардонии вазъи низоми бонкӣ бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи вазорату идораҳои дахлдор ва Бонки миллии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Айни ҳол, аз ҷониби Гурӯҳи кории мазкур лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои мушаххас таҳия гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст. Инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам бо ташкилотҳои қарзӣ ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати барқарор сохтани фаъолияти молиявии онҳо аз рӯи нақшаҳои алоҳидаи таҳрезишуда чораҳои таъхирнопазир андешида истодааст.
Саъю кӯшишҳо пайваста барои гузаронидани ислоҳоти сохторӣ, коҳиш додани осебпазирии низоми молиявию бонкӣ аз таконҳои берунӣ ва баланд бардоштани сатҳи боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ дар самти шаффоф, устувор ва босифат намудани фаъолияти бонкҳо, инкишофи рақобати солим, пурзӯр намудани зерсохторҳои молиявӣ, такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва танзиму назорати бонкӣ равона гардидаанд. Албатта иҷроиши пурраи ин тадбирҳо, ки ба ҳам алоқаманданд вақти муайянро тақозо намуда, барои гузариши низоми бонкии ҷумҳурӣ ба сатҳ ва марҳилаи сифатан нав бевосита мусоидат менамоянд.

Оид ба эроди “Сомонӣ «деревянный» мешавад”

Пеш аз ҳама қайд кардан зарур аст, ки дар дилхоҳ мақола инъикоси дурусти воқеъият, бахусус рақамҳо аз этика ва кордонии муаллиф гувоҳӣ медиҳад. Мутаассифона, муаллифи мақолаи мазкур ба хато роҳ дода, аз рӯи факту рақамҳои нодуруст хулосабарорӣ менамояд. 

Аз ҷумла, дар мавриди гуфтаҳои муаллиф, ки гӯё сармояи чор бонки низомсози кишвар 96 фоизи сармояи бонкҳоро ташкил медиҳанд, иттилоъ медиҳем, ки омори дуруст нисфи рақами овардашударо ташкил намедиҳад.

Инчунин, маълумот дар хусуси гӯё дар ду соли охир “ҳаҷми пули нақди ба муомилот баровардаи БМТ зиёда аз 100% афзоиш ёфта, ба ҳолати имрӯза 9,2 млрд. сомониро ташкил медиҳад” куллан нодуруст мебошад. Дар асл, тавре рақамҳои омори расмӣ шаҳодат медиҳанд (http://nbt.tj/tj/statistics/monetary_sector.php), тайи ду соли охир афзоиши ҳаҷми пули нақд дар муомилот 66,2 фоизро, аз 4 842,3 млн. сомонӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2014 то 8 047,8 млн. сомонӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2016, ташкил додааст. Яъне, ба ҳолати имрӯза ба 8,0 млрд. сомонӣ (на ин ки 9,2 млрд.) расидааст ва агар онро ба ҳар як сари аҳолӣ тақсим намоем 931,4 сомонӣ рост меояд. Зиёда аз ин, дар мисоли ИМА низ нишондоди мазкур фарқи зиёд дошта 4321 долл. ИМА (1,4 триллион долл. ИМА пули нақд ва 324 млн. нафар шумораи умумии аҳолӣ)-ро ташкил медиҳад.

Умуман, ҳаҷми пули миллӣ вобаста ба талаботи иқтисодиёт, рушди он ва омилҳои сохторие, ки дар натиҷаи он дедолларикунонии иқтисодиёт, яъне коҳиши гардиши асъори хориҷӣ дар муомилоти пулии дохилӣ ба вуҷуд меояд, метавонад афзоиш ёбад. Ҳаҷми пул дар асоси таносуби байни молу пул муайян мегардад ва дар ҳолати нодуруст муайян гардидани он, яъне кам будани он ба кам шудани сатҳи монетизатсия (таъминнокии иқтисодиёт бо пули миллӣ) ва зиёд будани он таваррумро ба вуҷуд меорад. 

Ягон бонки марказӣ ҳамчун мақоми танзимкунанда дидаю дониста ба барориши бемавриди пул даст намезанад. Ҳамаи ин равандҳо ба иқтисодиёти мо низ хос буда, таҳти идораи бевоситаи Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад ва ҳар соату ҳар дақиқа аз болои ҳаҷми пул дар муомилот назорат бурда мешавад.

Агар дуруст таҳлил карда бароем, пули миллӣ қобилияти харидории худро, ки онро метавон танҳо бо тағйирёбии сатҳи нархҳо қиёс кард, гум накардааст. Таваррум, ки сатҳи умумии нархҳоро дар иқтисодиёт нишон медиҳад, дар давоми ду соли охир ба ҳисоби миёна дар доираи 6 фоизи солона муътадил нигоҳ дошта шудааст.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Диданд: 1664

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4768 (54.50%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2155 (24.63%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        833 (9.52%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5859 (66.97%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1362 (15.57%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        315 (3.60%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ