Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Шарҳи таваррум барои моҳи октябри соли 2016

19.11.2016

Cатҳи таваррум дар моҳи октябри соли 2016 раванди ботадриҷи поёнравиро соҳиб гашта, тағйирёбии он нисбат ба моҳи қаблӣ 0,2 фоизро ташкил дод. Таварруми солона низ дар муқоиса ба моҳи сентябр (6,4%) дар сатҳи пасттар 6,1 фоиз ҷамъбаст ёфт.

Graph_1.JPG

Тамоюли мазкур ғайричашмдошт набуда, он дар маҷмуъ дар доираи дурнамои муқарраршуда ва нишондиҳандаи мақсаднок, ки дар интиҳои сол сатҳи таварруми солонаро дар доираи 7,0 фоиз пешбинӣ менамояд,тағйирёбӣ дорад.

Поёнравии нисбии таварруми солона дар моҳи октябр маҳз аз ҳисоби нарху тарифаҳои хизматрасонӣ (маъмурӣ) ва маводи сӯзишворӣ ба вуқуъ омад. Дар ин давра сатҳи таваррум бо арзёбии солона (дар 12 моҳи охир) аз ҳисоби афзоиши нархи маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ ба андозаи 7,4 фоиз (0,7% м/м)1 ва маҳсулоти хӯрокворӣ 5,8 фоиз (0,6% м/м) ҳосил гардид. Қобили зикр аст, ки маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ бо арзёбии солона тамоили тадриҷии пастшавиро нишон дод, ки аз мутобиқшавии нархҳои дохилӣ ба тағйирёбиҳои қурбии дар аввали сол ба вуқуъ омада гувоҳӣ дода истодааст. Тарифаҳои хизматрасонии маъмуран муқарраршаванда бошад, аз 7,0 фоиз дар моҳи сентябрто ба 4,4 фоиз (-2,8% м/м) поён рафта, мутаносибан саҳми асосиро дар пастравии таварруми солона дошт.

Graph_2.JPG

Таварруми аслӣ2, ки тамоюли дарозмуддати нархҳоро бидуни лаппишҳои кӯтоҳмуддат нишон медиҳад,тибқи ҳисобҳои БМТ дар моҳи октябр дар умум қариб бетағйир монда, сатҳи он бо арзёбии солона 3,5 фоизро ташкил дод (0,3% м/м). Саҳми афзоиши қисматҳои асосии таварруми аслӣ, махсусан маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ (бе назардошти маводи сӯзишворӣ) ва хизматрасонии бозорӣ муътадил монда, маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ бошад нисбат ба моҳи қаблӣ каме, асосан аз ҳисоби маҳсулоти қаннодӣ (8,2% с/с)1 ва нӯшокиҳои беспирт (20,1% с/с) афзуд.

Graph_3.JPG

Дар моҳи октябр гуруҳи нархҳои истеъмолие, ки дар ҳисоби таварруми аслӣ истисно мегарданд, ба поёнравии таваррум мусоидат кард. Нархи маҳсулоти хоми (нотайёри) хӯрокворӣ вобаста ба таъсири омилҳои ғайримонетарӣ раванди тағйирёбӣ дошт. Аз ҷумла, нархи чунин маҳсулотҳои ба омилҳои таклифот ва мавсимӣ ҳассоснок, ба монанди сабзавот (-1,2% м/м ё 2,7% с/с), биринҷ (-1,9% м/м ё -5,4% с/с) поёнравӣ дошта, дар навбати худ нархи меваҷот (2,2% м/м ё 29,1% с/с), тухм (20,9% м/м ё18,3% с/с), шир (7,1% м/м ё 3,4% с/с) боло рафт.

Graph_4.JPG

Нарху тарифаҳои маъмурӣ низ бо таъсири омили ғайримонетарӣ, дар натиҷаи коҳишёбии назаррас ва ғайриинтизории арзиши хизматрасонии нақлиёт, пеш аз ҳамаҳавопаймо ва роҳи оҳан паст фаромад (-8,6% м/м ё 2,3% с/с).

Масолеҳи сӯзишворӣ бошад, бинобар сабаби муътадил гардидани нархи воридотӣ ва таҳвили гази моеъ аз Ҷумҳурии Қазоқистон дар моҳи октябр нисбатан арзон шуд (-1,4% м/м ё 8,6% с/с).

Graph_5.JPG

Бояд қайд намуд, ки раванди тағйирёбии муътадилии талаботи дохилӣ ва қурби пули миллӣ ба интизориҳои нисбатан пасти таваррумӣ мусоидат карда истодааанд, ки инро метавон дар пӯёи (динамикаи) таварруми аслӣ мушоҳида кард. Тибқи таҳлиҳо интизор меравад, ки дар моҳи ноябри соли равон болоравии ба нақша гирифташудаи нархи хизматрасонии нерӯи барқ ва омилҳои кӯтоҳмуддати мавсимӣ сатҳи таварруми солонаро то андозае боло мебарад. Аммо бо вуҷуди ин, меъёри таваррум эҳтимолан дар интиҳои сол дар доираи нишондиҳандаи мақсадноки 7,0 фоизи солона ҷамъбаст хоҳад ёфт.

Graph_6.JPG

Департаменти сиёсати моетарӣ, 

тадқиқотӣ ва рушди БМТ



Диданд: 1920

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ